Дар Женева ташкили чорабиниҳои муштарак марбут ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо директори Клуби матбуотии Женева Изабел Фалконниер мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо имконияти ташкили чорабиниҳои муштараки марбут ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар самти об ва тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор доданд.
Клуби матбуотии Женева барои кумак ба рӯзноманигорон, мусоидат ба мубодилаи байни Швейтсария ва доираҳои байналмилалии иқтисод, сиёсат, фарҳанг ва илм аз як тараф ва матбуоти Швейтсария ва хориҷӣ таъсис дода шудааст.
Имрӯз Клуби матбуотии Женева тақрибан 35 воситаи ахбори омма (рӯзномаҳо, радиоҳо, телевизионҳо), 70 аъзои дастҷамъӣ (мақомоти давлатӣ, тиҷорат, созмонҳои байналмилалӣ) ва 300 аъзои инфиродӣ бо ҳуқуқи овоздиҳӣ дорад. Тақрибан 800 нафар корти инфиродии Клуби матбуотии Женеваро доранд (450 рӯзноманигор ва 350 корманди матбуот, таблиғгарон, кормандони PR, дипломатҳо ва шахсиятҳои гуногун).
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд






