Фаъолияти низоми суғуртаи Тоҷикистон дар соли 2023 натиҷагирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 бо вуҷуди таъсири вазъи мураккаби ҷаҳон- таҳримҳои сиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ рушди соҳаи суғуртаи мамлакат таъмин гардид. Ин нуктаро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии вазъи низоми суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023, ки дар Душанбе баргузор гардид, баён намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Сироҷиддин Икромӣ афзуд, ки суғурта ба амалишавии принсипи рӯйпӯшкунии зарарҳо равона шуда, ҳамзамон дар шароити муосир яке аз фишангҳои суботи молиявии давлатҳо ба шумор меравад. Гуфта шуд, ки дар соли 2023 дороиҳои низом нисбат ба соли қаблӣ 18,1 фоиз, сармояи худӣ 18,7 фоиз, захираҳои суғуртавӣ 11,3 фоиз, мукофотҳои суғуртавӣ 33,9 фоиз, сармоягузориҳо 6,8 фоиз ва пасандозҳо дар ташкилоти қарзии молиявӣ 63,4 фоиз зиёд гардида, дар баробари ин пардохту ҷубронҳои суғуртавӣ 13,6 фоиз коҳиш ёфтанд.
«Роҳбарияти мамлакат ба рушди низоми суғурта таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он супоришҳои мушаххас додаанд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи ташкилоти молиявии байналмилалӣ ба таъмини рушди соҳа ҷалб гардида, дар айни замон якчанд лоиҳаи кумаки техникӣ татбиқ гардид, ки масъалаҳои ҷорӣ намудани раванди муосири ҳисоботдиҳӣ ва таҳлилӣ, таҳияи Стратегияи рушди бозори суғурта ва баланд бардоштани дараҷаи касбии мутахассисони соҳаро дар бар мегиранд»,- таъкид намуд Сироҷиддин Икромӣ
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини рушди низоми суғурта бо истифода аз тамоми имконияти мавҷуда тадбирҳои саривақтӣ ва самаранок меандешад.
Бонки миллии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намуд, ки он якуми марти соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ба такмили низоми ташкилоти суғуртавӣ, назорати фаъолияти иштирокдорони бозори суғурта ва танзими низоми иҷозатномадиҳӣ барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ равона гардидааст.
Дар ҷаласа рӯнамо доир ба «Вазъи бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» пешниҳод гардид. Инчунин масъалаҳои мубрами сифати дороиҳо, ҳаҷми сармоя, мукофоти суғуртавӣ, мақсаднокии пардохту ҷубронҳои суғуртавӣ ва дигар мушкилиҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуд.
Сироҷиддин Икромӣ фаъолияти ҳар ташкилоти суғуртавиро дар алоҳидагӣ муҳокима намуда, масъулини ташкилоти суғуртавиро даъват намуд, ки фаъолияташонро тибқи муқаррароти қонунгузорӣ пеш баранд ва дар масъалаи таъмини пардохтпазирӣ ва устувории молиявӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, таъмини шаффофияти амалиёт, ҷорӣ намудани хизматрасонии муосиру инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон, вусъат додани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва амалӣ намудани ҳамкорӣ бо мактабҳои олии мамлакат чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Гуфта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ба ҳалли ҳама гуна мушкилоти ҷойдоштаи ташкилоти суғуртавии мамлакат дар доираи ваколатҳояш мусоидат намуда, соли 2024 бо амалигардонии мониторинги доимии фаъолияти бозори суғурта ислоҳоти сохторию солимгардониро идома медиҳад.
Зимни ҷамъбасти ҷаласа масъулини бозори суғуртаи ҷумҳуриро даъват намуданд, ки фаъолияташонро тибқи қонунгузории ҷорӣ амалӣ намуда, барои баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳми назаррас гузоранд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Лахш дар 8061 гектар зироати кишоварзӣ кишт карда шуд
Дар Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ—«Тоҷикистон-2026» доир мегардад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1050 то 0.1119 сомонӣ муқррар шудааст
Дар доираи Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея дар Сеул ҳайатҳои ду давлат вохӯрӣ анҷом доданд
Дар Хатлон ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 17,1 миллиард сомонӣ расонида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ноҳияи Вахш ба хориҷи Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
Вазирони оби кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои идоракунии захираҳои обиро баррасӣ намуданд
Хадамоти алоқа: «Аз харидорӣ, насб ва истифодаи худсаронаи репитерҳои ғайристандартӣ ва бе танзими касбӣ худдорӣ намоед»






