ФУТБОЛ. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими Арабистони Саудӣ муайян гардид
ДУШАНБЕ, 09.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ҳайати тими миллиро, ки ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ омодагӣ мегирад, эълон намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шуданд. Мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳоро ба бозиҳо бо Арабистони Саудӣ 11 март оғоз менамояд. Дар ин рӯз дастаи мо ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Қатар сафарбар мегардад. Шоми 18 март мунтахаби Тоҷикистон барои бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими Арабистони Саудӣ аз Доҳа ба Риёз парвоз мекунад. Ин дидор рӯзи 21-уми март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Сипас дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва дар майдони худ бо мунтахаби Арабистони Саудӣ бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро анҷом медиҳад. Ин рақобат рӯзи 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ (21 ва 26 март):
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгуралӣ», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Далер Имомназаров («Эсхата»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Алишер Шукуров («Динамо-Тифлис», Гурҷистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алиҷони Бӯризод («Самгуралӣ», Гурҷистон), Муродалӣ Ақназаров («Самтредиа», Гурҷистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов (ҳама аз «Истиқлол»), Амирбек Ҷӯрабоев (бе даста), Вайсиддин Сафаров (КМВА);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Ӯзбекистон), Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Рустам Соиров (бе даста), Нуриддин Ҳамроқулов («Ҳосилот»).
Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон).
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд






