ФУТБОЛ. Дастаи «Регар-ТадАЗ» ҳайаташро бо собиқ бозингарони бошгоҳҳои «Мартиму» ва «Брага»-и Португалия пурқувват намуд
ДУШАНБЕ, 31.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ҳайаташро бо дифоъгари марказӣ Усмон Кассим пурқувват намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Усмон Кассим 22 сол дошта, ба ҳайси дифоъгари марказӣ бозӣ менамояд. Ӯ бо дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ба муддати як сол қарордоди ҳамкорӣ ба тасвиб расонид. Усмон фаъолияти футболбозиашро аз мавсими солҳои 2020-2021 дар ҳайати дастаи «Акра Лайонс»-и Гана оғоз карда, то тобистони соли 2023 дар ҳайати ин даста бозӣ намудааст.
Ҳамчунин дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ҳайаташро бо легионери нав Ҷонсон Овусу пурқувват намуд. Ҷонсон Овусу 26 сол дошта, ба ҳайси ниммуҳофизатгари марказӣ ва канорӣ бозӣ менамояд. Мавсими солҳои 2023-2024-ро ӯ дар ҳайати дастаи футболи «Дримз»-и Гана оғоз намуд. Ӯ дар 7 бозии чемпионати Гана (дар маҷмуъ 311 дақиқа) иштирок намуда, аз моҳи январи соли 2024 футболбози озод ба ҳисоб мерафт. Қаблан ӯ шарафи дастаҳои зерин: «Кукеси»-и Албания, «Камача»-и Португалия, «Фастав Злин»-и «Чехия», ҳайатҳои ҷавонони бошгоҳҳои «Мартиму» ва «Брага»-и Португалияро ҳимоя намудааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






