ФУТБОЛ. Дастаи «Регар-ТадАЗ» ҳайаташро бо собиқ бозингарони бошгоҳҳои «Мартиму» ва «Брага»-и Португалия пурқувват намуд

Март 31, 2024 13:55

ДУШАНБЕ, 31.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ҳайаташро бо дифоъгари марказӣ Усмон Кассим пурқувват намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Усмон Кассим 22 сол дошта, ба ҳайси дифоъгари марказӣ бозӣ менамояд. Ӯ бо дастаи  футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ба муддати як сол қарордоди ҳамкорӣ ба тасвиб расонид. Усмон фаъолияти футболбозиашро аз мавсими солҳои 2020-2021 дар ҳайати дастаи «Акра Лайонс»-и Гана оғоз карда, то тобистони соли 2023 дар ҳайати ин даста бозӣ намудааст.

Ҳамчунин дастаи  футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ҳайаташро бо легионери нав Ҷонсон Овусу пурқувват намуд. Ҷонсон Овусу 26 сол дошта, ба ҳайси ниммуҳофизатгари марказӣ ва канорӣ бозӣ менамояд. Мавсими солҳои 2023-2024-ро ӯ дар ҳайати дастаи футболи  «Дримз»-и Гана оғоз намуд. Ӯ дар 7 бозии чемпионати Гана (дар маҷмуъ 311 дақиқа) иштирок намуда, аз моҳи январи соли 2024 футболбози озод ба ҳисоб мерафт. Қаблан ӯ шарафи дастаҳои зерин: «Кукеси»-и Албания, «Камача»-и Португалия, «Фастав Злин»-и «Чехия», ҳайатҳои ҷавонони бошгоҳҳои «Мартиму»  ва «Брага»-и  Португалияро ҳимоя намудааст.

  АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 31, 2024 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати мудофиа дастаҳои занонаи футбол ва мардонаи футзал таъсис дода мешаванд
Дар Душанбе марҳилаи сеюми даврҳои мураббигӣ оид ба барномаи иҷозатномаи «PRO» идома дорад
Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид