ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Душанбе бо дастаи мунтахаби Ветнам бозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 20.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 март дар шаҳри Душанбе бозии якуми дӯстона байни дастаҳои олимпии Тоҷикистон ва Ветнам баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе соати 20:00 оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.
Бояд гуфт, ки дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар Душанбе омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 апрел то 3 май дар Қатар баргузор мешавад, оғоз намудааст.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолонаш аз Ветнам ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин вохӯриҳо 20 март ва 23 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Дар Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои то 23-сола дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16 апрел), Ироқ (19 апрел) ва Тайиланд (22 апрел) неру месанҷад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






