ФУТБОЛ. Манучеҳр Ҷалилов дубора ба майдон баргашт

Март 12, 2024 13:37

ДУШАНБЕ, 12.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Беҳтарин нишонзани дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов дубора ба майдони футбол баргашт. Манучеҳр Ҷалилов бо сабаби беморӣ як муддат аз майдонҳои сабзи футбол дур шуда буд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манучеҳр Ҷалилов дар бозии дӯстона байни дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе   ва «Спартак-2»-и шаҳри Москва ба майдон баромад.

Ёдовар мешавем, ки  бори охир Манучеҳр Ҷалилови  33-сола моҳи июни соли 2023 дар бозии расмӣ байни дастаҳои мунтахаби   Тоҷикистон ва Узбекистон (1:5) дар чаҳорчӯби Ҷоми CAFA ба майдон баромада буд.

Моҳи феврал ин бозигари шинохта  ба феҳрасти бозигарони «Истиқлол», ки ба ҷамъомади тамринии Туркия рафта буданд, ворид шуд.

Манучеҳр Ҷалилов бо 20 гол беҳтарин нишонзани дастаи миллии Тоҷикистон мебошад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 12, 2024 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид