ФУТБОЛ. Маросими қуръапартоии Лигаи якуми Тоҷикистон-2024 доир гардид

Март 30, 2024 12:02

ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маросими қуръапартоии бозиҳои мавсими 33-юми Лигаи якуми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Имсол дар мусобиқаи Лигаи якуми Тоҷикистон-2024  13 даста иштирок менамоянд – ду даста аз ноҳияи Восеъ- “Файзканд” ва “Ҳулбук”, “Моҳир”-и Ёвон, “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, “Шодмон”-и Ҳисор, “Сарҳадчӣ”-и Ҳамадонӣ, “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ, “Исфара”-и Исфара, “Душанбе”-и пойтахт, инчунин чор дастае, ки ҳамин мавсим аз Лигаи дуюм роҳхат ба Лигаи якум ба даст оварданд – “Ёқут”-и Ваҳдат (собиқ “Ваҳдат”) ва “Сардор”-и Турсунзода (собиқ “Регар”) аз минтақаи Душанбе, “Сомон”-и Данғара аз минтақаи Хатлон ва “Саразм”-и Панҷакент аз минтақаи Суғд.

Мавсими нави Лигаи якуми мамлакат 20 апрел оғоз ёфта, дар ду марҳила баргузор мешавад. Ғолиби Лигаи якум ба мавсими ояндаи Лигаи олӣ роҳхати мустақим ба даст меорад, барандаи медалҳои нуқраи Лигаи якум бо дастаи зинаи 11-уми Лигаи олӣ ду бозии гузаришӣ анҷом медиҳанд.

Мувофиқи низоми Бергер, дар даври аввали Лигаи якуми Тоҷикистон-2024 дастаҳо ба таври зайл байни ҳам бозӣ менамоянд:

“Моҳир” – “Саразм”

“Ёқут” – “Шодмон”

“Саройкамар” – “Файзканд”

“Сомон” – “Сардор”

“Ҳулбук” – “Сарҳадчӣ”

“Исфара” – “Душанбе”

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 30, 2024 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад