ФУТБОЛ. Рустам Соиров ба дастаи «Истиқлол» -и шаҳри Душанбе баргашт
ДУШАНБЕ, 18.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари тоҷик Рустам Соиров, ки ду мавсими охир дар чемпионатҳои Эстония ва Узбекистон ҳунарнамоӣ менамуд, ба дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргашт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Рустам Соиров пас аз ду соли танаффус ба дастаи футболи «Истиқлол» -и шаҳри Душанбе баргашта, ин рӯзҳо дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон қарор дорад.
Хотиррасон мешавем, ки созишномаи ҳамкорӣ байни даста ва футболбоз то охири мавсими соли 2025 ба имзо расонида шуд.
Рустам Соиров қаблан дар дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар мавсими солҳои 2020-2022 бозӣ намуда, дар 46 бозӣ 26 гол ба нишон расонидааст.
АКС аз сомонаҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






