ИЛМ ВА ЗАМОН. Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи Тоҷикистон қарор дорад

Март 1, 2024 09:51

ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъю талош ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа марҳилаҳои рушдро аз сар гузаронид, ки ин дар таърихи давлатдориамон бо хатҳои заррин дарҷ гардидаст. Рӯ овардан ба илмомӯзӣ, хусусан ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисоди мамлакат ва таъмини рақобатпазирии он дар арсаи ҷаҳон мебошад, зеро дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистон нақши илм ва тафаккури илмӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ — иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст. Чунин ибрози андеша намудааст омӯзгори калони кафедраи таҳлили математикии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Зулфия Шораҳматуллоева.

— Ин 33 соли таърихро метавон ба се даҳсола тақсим намуд, ки ҳар даҳсолаи он ба таври алоҳида, зина ба зина барои рушди мамлакат, беҳтаршавии сатҳу зиндагии мардум, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, сохтмони роҳҳову нақбҳо ҷиҳати раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини озуқаворӣ, бунёди неругоҳҳои барқӣ ва бартараф намудани мушкилоти норасоии барқ, баланд бардоштани нуфузи мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ ва амсоли инҳо мавқеи хос дорад.

Дар замони муосир илм ба омили муҳими рушд ва нишондиҳандаи асосии иқтидори давлатҳо табдил ёфта, мутахассисони баландпоя аз илми замонавӣ огоҳ буда, қувваи асосии истеҳсолкунанда ба ҳисоб мераванд. Дар ин замина мақом ва ҷойгоҳи ҳар давлат дар арсаи байналмилалӣ маҳз аз иқтидори неруи зеҳнӣ, дараҷаи рушди инноватсионӣ ва дастовардҳои назаррас дар самти илм ва технологияи муосир вобастагии амиқ дорад.

Маҳз бо дарки амиқ ва бо мақсади дар ҷомеаи Тоҷикистон рушд додани тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 — ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон намуданд, зеро маҳз омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои ин илмҳо сабаби рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва давлат мегардад.

Инчунин рушди ин илмҳо муҳимтарин рукни ҷаҳонбинии дунявӣ ва муассиртарин воситаи тарбияи шахсияти соҳибназар арзёбӣ мешавад. Илмҳои техникӣ қонунияту равандҳо ва ҳодисаҳоеро меомӯзанд, ки барои ба даст овардан ва ё истифода бурдани захираҳои табиӣ, эҷод намудани дастгоҳҳову таҷҳизоти замонавӣ равона мешаванд. Илмҳои табиӣ маҷмуи донишро доир ба хусусият ва таъсири байниҳамдигарии шохаи дигар фанҳо, таъсири онҳо ба ҷамъият дар арсаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ ва муҳити зист дар бар мегиранд.

Баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва беҳтар намудани шароити зисти одамон асоси рушди ҷамъият ва муваффақияти он дар самти пешравии тамаддун мебошад. Пешравиҳои илмӣ — техникӣ ва иҷтимоӣ барои аз худ намудани фанҳои муҳим — физика, риёзӣ, геометрия ва дигар фанҳо кумак мерасонанд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади суръат бахшидан ба омӯзиш ва дарёфти чеҳраҳои нави илм, олимони эҷодкор, ихтироъкорон, навоварон дар партави барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» дигар озмуни ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» эълон намуданд. Мақсади асосии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат», пеш аз ҳама, ҷалби ҷавонон ва аҳли зиёву табақаҳои гуногуни ҷомеа ба илмҳои бунёдӣ, ба монанди математика, информатика, кимиё, биология, физика, география ва ихтироъкориву навоварӣ мебошад. Ба ин васила метавон нигоҳи аҳли ҷомеаро ба ин самт, яъне самти илму маърифат равона намуд, ки дар натиҷа сатҳу сифат ва касбияти мутахассисон баланд шуда, илму маорифи мамлакат устуворона рушд намуда, заминаи мустаҳкам бо донишҳои замонавӣ устувор мегардад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ бо амиқ гардидани донишҳо дар шохаҳои гуногуни илм ҳисси худшиносиву худогоҳӣ низ ташаккул меёбад.

Ҷомеа, бахусус ҷавонон аз фаъолият ва осори ниёгонашон, ба монанди Ҷобир Ибни Ҳайён, Муҳаммад Закариёӣ Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ Ибни Сино ва амсоли инҳо, ки аввалин кашшофони масоили муҳими илмҳои табиию дақиқ ва риёзӣ то зуҳури илм дар Ғарб буданд, огаҳӣ пайдо мекунанд. Ғайр аз ин, баробарарзишӣ дар системаи маориф дар сатҳи байналмилалӣ ба вуҷуд меояд. Бо вуҷуди ин, ин озмун вобаста ба номинатсияҳои гуногун миқдори муайяни мукофотро доро аст, ки ҳар иштирокчиро ба худ ҷалб менамояд. Агар ба таври сода гӯем, дар зеҳни иштирокчиён таҳаввули тафаккур ба самти мусбат ва ба илмҳои бунёдӣ равона мегардад. Дар робита ба эълони озмун дар муассисаҳои таълимӣ баргузории маҳфилҳои фаннӣ вусъат ёфта, ба он хонандагони болаёқат, забондон ва эҷодкор ҷалб мешаванд.

Тавре иттилоъ дорем, бо мақсади саноатикунонии босуръати мамлакат ва аз давлати аграрӣ ба ҷумҳурии саноатӣ табдил додани он аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ солҳои 2021-2026  Солҳои рушди саноат эълон шуданд. Барои ба ин ҳадафи стратегӣ расидан бояд, пеш аз ҳама, мутахассисони соҳибмаълумоти соҳаро омода созем. Мақсади эълон доштани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳо 2020-2040»  низ ҳамин мебошад.

Ҳамаи ин иқдом, аз қабили таъсиси мактабҳои миёна ва олии типи нав солҳои 2020-2040 — «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва таъсиси шабакаи телевизионии «Илм ва табиат» ба рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ихтироъкорию кашфиёт ва рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат менамоянд.

Мо, омӯзгорони фанҳои дақиқ низ аз ин ташаббусҳо ва иқдоми некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, барои тарбияи шогирдони соҳибкасб кӯшиши бештар ба харҷ медиҳем.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 1, 2024 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар муқоиса ба соли пешин имсол дар Тоҷикистон 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ зиёд шудааст
Истиқлоли давлатӣ — волотарин дастоварди миллати тоҷик
Соли 2024 47 номгӯйи китобҳои дарсӣ ба теъдоди умумии 1 миллиону 574 ҳазор нусха нашр шуд
Ҳайати Ҷамъияти чинӣ оид ба тадқиқоти ҳуқуқи инсон бо фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос гардид
Беш аз 1000 корманди соҳаи маориф дар ноҳияи Фирдавсӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваст
Панҷ ихтисоси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Аз 1 август дар шаҳри Хоруғ намоиш-фурӯши либоси мактабӣ оғоз мешавад
Вазорати маориф ва илм: «Имсол зиёда аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ аз рӯйи равияи омӯзгорӣ донишгоҳу донишкадаҳоро хатм мекунанд»
Ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маводҳои ғизои мактабӣ дастрас мегардад
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ду неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 19 кВт ба истифода дода шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон чор Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиётӣ амалӣ мешавад
Дастпарварони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аввалин шуда, дар кишварҳои Аврупо рисолаи доктор PhD-ро ҳимоя намудаанд