ФАРИШТАИ ОСМОНӢ. Лавҳа ба ёди модарон — сафобахшандагони зиндагӣ ва баракати рӯзгор
ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Модар ба андозае муқаддас аст, ки тамоми вожаҳои дунё дар васфу тараннуми ӯ оҷизӣ мекашанд. Зан-Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад. Ҳамин аст, ки дар васфи азамату шуҷоат ва бузургию нексириштии Модар бузургони мо суханони беҳамто гуфтаанд ва имрӯз низ идомадиҳангони он кам нестанд.
Бахшида ба Рӯзи Модар- ин фариштаи осмонӣ аз номи сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода ба АМИТ «Ховар» лавҳа-ёдномае расидааст, ки бо нишони арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои ҳамаи модарони тоҷик манзур мешавад.
— Модарҷони азизам, модарҷони сафобахши зиндагию баракати рӯзгорам, инак боз Рӯзи Модарро бе ҳузури ту, бо ҳасрат, бо дарду алам, бо оби дида бари рӯ ва ҳадяи як каф дуо ба руҳи покат таҷлил менамоям.
Модарҷони фариштарӯю фариштахӯям, накугуфтору накупиндору беозорам, лаҳзае нест, ки ёдат накунам. Бо ҳар бори ёд кардан симои нуроният пеши назарам намудор мегардад ва дил дар фироқи рӯят месӯзаду сиришк аз дидаҳо сарозер мешавад.
Ҳар гоҳе шаб ба поён мерасаду рӯз дида боз мекунад ва барои рафтан ба кор тараддуд мебинам, ба назарам чунин менамояд, ки чун аз ҳуҷраам берун меоям, туро мебинам, мебинам, ки дар роҳрав косаи дами гарм дар даст истодаӣ ва ҳамон табассуми зебо бар лаб мегӯйӣ: «Духтарҷонам, агар ҳазор шитоб дорӣ, то нахӯрӣ, раҳоят намекунам. Охир, субҳи солеҳон хеста, инро бароятон пухтам…». Аммо дармеёбам, ки ин ҳама як хаёлест, як руъёст, ноумед мешавам, диламро пардаи ғам мепӯшонад, табъам хира мегардад, аламам меояд, инони гиряро мегирам.
Модарҷон, зиндагӣ бе ту сахт аст бароям. Чун нестӣ, зиндагӣ бо ҳама таровату рангорангию зебоияш пеши назарам ранг бохтааст. Акнун дарёфтам, ки он аз баракати ҳузури ту дар хеш ҳазор рангорангию зебоӣ доштааст.
Модарҷон, на танҳо барои ман, балки барои фарзандону наберагон, хешу табор, шогирдон ва ҳамсояҳоят зиндаю ҷовидон ҳастӣ. Ҳамеша ба некӣ ёдат менамоянд, аз меҳрбониву дасткушодию хайрхоҳият мегӯянд, мегӯянд, ки фаришта буд, фариштаи заминӣ ва бо фариштаҳои осмонӣ пайваст.
Модарҷон, ҳама ҳарфи панду насиҳататро дар дафтари хотирам ҳифз кардаву онҳоро дастури зиндагиам қарор додаам. Ҳамеша мегуфтӣ, ки танҳо барои худ зиндагӣ накунед, умри одами хокӣ бисёр кӯтоҳ аст, ба худ иҷозат надиҳед, ки дилеро озор диҳед, зеро дили муъмин Арши Худост, агар диле озор ёбад, Арш меларзад. Ҳамеша бо мардум бошед, ғаму шодии онҳоро ғаму шодии худ донед, ҳаргиз ёрии худро аз касе дареғ надоред. Сарфи назар аз ин ки ба кадом мақому мартаба мерасед, домани фурӯтанию хоксориро раҳо накунед. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавонед дар дили мардум ҷо бигиреду соҳиби иззату эҳтиром шавед.
Модарҷони ширинам, зиндагиномаат саросар аз корнамоиҳо аст. Муддати дароз, чиҳил соли дароз рисолати бузург, рисолати инсонсозиро бар дӯш доштию бо сарбаландию рӯсурхӣ онро ба ҷо овардӣ. Ёдам ҳаст, ки ҳар гоҳе бо рӯ задани хумори диданат ба мактаби миёнаи рақами 8-и шаҳри Кӯлоб мерафтаму дар мизи охири синф интизори тамом шудани дарсҳоят менишастам, медидам, ки бо лутфу меҳрубонии зиёд ба шогирдонат муносибат мекардӣ. Дасти ҳар якеро гирифта, тарзи дуруст доштани қаламу навиштани ҳарфҳоро ёд медодӣ. Сари ҳар кадомро бо навозиш сила менамудӣ. Ҳамагӣ мисли модари худ дӯстат медоштанд. Медидам, ки бархе бо диданат дар саҳни ҳавлии мактаб “Очаҷо-о-он!” – гӯён давида, туро ба оғӯш мегирифтанд. Медонӣ, Модарҷон, ҳамон лаҳза маро чӣ эҳсосе фаро мегирифт? Боре ҳам дар ин маврид гап накушодам, акнун мегӯям: маро ҳисси рашк фаро мегирифт, рашки кӯдакона. Ба худ мегуфтам, ки охир очаҷони ман аст, чаро онҳо ӯро очаҷони худ мехонанд? Баъдҳо дарёфтам, ки чунин эҳсос аз муҳаббати сахт рӯ мезадааст, аз муҳаббати фарзанд нисбат ба Модар.
Ҳеҷ аз ёдам намеравад. Мактабро хатм намудам. Бояд барои ба донишгоҳ дохил шудан ба пойтахт меомадам. Дилат қарор нагирифт ва ҳамроҳам омадӣ. Баъди супоридани ҳуҷҷатҳо то нимаҳои шаб бароям дарс гуфтӣ. Ман эҳсоси хастагӣ мекардам. Аммо ту чунин набудӣ. Ба ҳамеша сари кор будан одат карда будӣ. Чун дар хонаамон ҳатто дар дили шаб ҳам барои муҳайё намудани нони даҳони фарзандон сари дастгоҳи дӯзандагӣ менишастӣ. Бедорхобӣ бароят як кори маъмул гардида буд. Маро рӯи китоб хоб пахш мекард. Бо гузашти фурсате сарамро сила карда, бо навозишу меҳрубонӣ бедорам мекардӣ. Себи поракардаатро дар тақсимча пешам мегузоштӣ, то тановул бикунаму мадор бигирам ва хоб аз хонаи чашмам канор раваду ба имтиҳони дохилшавӣ омода бошам. Мегуфтӣ, ки духтарҷон, барои даст ёфтан ба барору муваффақият заҳмат бояд кашид, меҳнат бояд кард. Ҳеҷ роҳат бе кӯшишу саъю талош ба даст намеояд. Ҷаҳду талошҳо барабас нарафт Модарҷон. Донишҷӯ шудам. Албатта, бо дуои неку дастгирию ҳидоятҳою ғамхориҳоят. Дар чанд рӯзе, ки дар пойтахт будем, ба худ иҷозат надодӣ, ки аз кори хайру савоб даст бардорӣ. Дар ин ҷо ҳам дасту остин барзадӣ. Хамир шӯридию зувола гирифтию оши бурида омода карда, ба ҳама инъом намудӣ. То охири умр дасти сахоят боз буд, Модарҷон.
Солҳо паси ҳам мегузаштанд. Мо, фарзандонат ҳам бузург мешудем. Аммо барои ту ҳанӯз ҳам ҳукми кӯдакро доштем. Ҳамеша воқифи ҳоламон будӣ. Соли 1993 дар мансаби муфаттиши Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб фаъолият менамудам. Вазъият бениҳоят душвор буд. Ёдам ҳаст. Як рӯз аз тиреза ба берун нигаристам. Дидам, ки ба ҳавлии Раёсати корҳои дохилӣ, ки канораҳои роҳрави онро гулҳои зебои садбарг зиннат медоданд, низомипӯшони мусаллаҳ ворид гардиданд. Садои боз шудани дари дафтари кориам маҷбурам намуд, ки нигоҳ пас гирам. Марди низомии баландқомате дар китф силоҳ ва бо саги бадҳайбат ворид шуда, ба нафрат ба сӯям нигаристу зан аст, гуфта, дарро бо ғазаб пӯшид. Ҳамин лаҳза садои тирпаронӣ баланд гардид. Ҳаросон давида ба кӯча баромадам. Давру бари ниҳоди моро силоҳбадастон бо танку дигар лавозими ҷангӣ иҳота карда буданд. Пеш аз ҳама чашмам ба ту – Модарҷони ҷасурам афтод, ки ҳаросон ба ҳар тараф менигаристӣ. Духтари навкоратро ҷустуҷӯ мекардӣ. Ба хона баргаштем. Шояд дигар Модар мебуд, монеи идомаи кори духтараш мешуд. Аммо аз ин шумор набудӣ. Гуфтӣ, ки духтарам, давлат барои таълиму тарбияат маблағи ҳангуфт сарф мекунад, акунун имрӯз фурсати он фаро расидааст, ки ту барояш хидмат бикунӣ. Рӯзи дигар бароям дуо додию ба кор гусел кардӣ. Ҳатто шабу рӯзи интихобот, ки ба ҳимояи сохти конститутсионӣ рабт мегирифт ва сар задани ҳама гуна рухдоди нохуш эҳтимол дошт, аз худ ҷасорату мардонагӣ нишон додӣ. Иҷозатам додӣ, ки бо дигар занони ҷасури мақомот шабу рӯз бо мардум бошаму кори фаҳмондадиҳӣ барам. Чунин муносибатат имрӯз бароям сарбаландию рӯсурхӣ овард, соҳибэҳтиромам намуд. Ҳама муваффақиятам аз хиради ояндабинӣ ва баракати дуои сидқи туст, Модарҷони азизам.
Чун ёдат мекунам, сар ба зонуи тафаккур мегузорам. Дасти ёд маро ба гузашта мебарад. Пеши назарам меойӣ. Бо ҳамон либосҳои хоксоронаат. Ҳеҷ гоҳ ба худат иҷозат намедодӣ, ки нисбат ба дигарон зеботар бипӯшӣ, ҳарчанд, ки чунин имконият бароят фароҳам буд. Мегуфтӣ: Луқмони ҳакима кулбааш хору хас аст, Ин марди раворава ҳамин кулба бас аст…
Кони донишу маърифат будӣ, Модарҷон. Шеъру панду андарзи зиёд медонистӣ. Вақти сухан гуфтан аз онҳо истифода мебурдӣ ва бо ин суҳбататро ширину ширадору шуниданӣ мекардӣ. Ҳамсояҳову хешу табор инро хуб дар ёд доранду пандҳоятро барои худ ҳифз ҳам кардаанд ва чун бозгӯ мекунанд, мегӯянд «Модарат, Худо раҳматаш кунад, чунин мегуфт».
Ҳар гоҳе ҳамсояҳоро мебинам, даврам парвона мешаванд. Медонам ёдат кардаанд. Аз ман туро меҷӯянд. Зеро ҳам ба сурат ва ҳам ба сират то ҷое ба ту шабоҳат дорам. Ҳис мекунам, ки барояшон хеле азиз будӣ. Нақл мекунанд, ки модарат ғами ҳамсояҳоро мехӯрд. Дурандешиашро бинед, барои он, ки мо эҳсоси шарм ва худро ногувор ҳис накунем, дар таги халтаҳо гӯшти яхбастаро мегузошту аз болояш нонҳои хушкшударо ва аз дар дароз мекарду мегуфт инҳоро овардам, ки ба хешони деҳотиятон фиристед. Рӯзе набуд, ки таги дег алов намонаду оши буридаю дангичаю палов напазаду ба ҳамсояҳо тақсим накунад. Дар рӯзҳои Наврӯз суманаку дангича ва оши буридаро аввал он кас пухта, коми ҳамсояҳоро ширин мекард. Бо рафтанаш баракат ҳам аз ин кӯча рафт. Ҷояш холист…
Модарҷон, чун вақти омадани набераат аз мактаб фаро мерасид, аз муҳаббати зиёд нисбат ба ӯ беқарор мешудӣ ва роҳи мактабро пеш мегирифтӣ, то дасташро ба дастат бигирию суҳбаткунон ба хона биёӣ. Ҳеҷ аз ёдам зудуда намешавад, ҳамеша некӣ карданро талқин мекардӣ ва як рӯз бо духтарчаам аз дар даромадӣ ва ӯ бо завқ нақл кард, ки аз мактабпулии ҳафтаинааш аз дорухона барои як кампири солрафтаи ниёзманд доруҳояшро харида додааст. Ман хандида савол додам, ки агар пулат намерасид, он гоҳ чӣ кор мекардӣ? Дар посух гуфт, ки заруртарин доруҳояшро харида, мегуфтам, ки дигар пул надорам. Аз ҷавоби ӯ хандидам. Хушат наомад. Баъди рафтани ӯ маломатам кардӣ, ки Модар ба фарзанд чунин момила намекунад. Модар бо духтараш бояд мисли дугона бошад, то вай озод гапашро гуфта тавонад. Бо чунин муомила духтаратро дамдузд мекунӣ.
Модарҷон, ҷони ҷонам, кадом коратро нависам. Ҳаётат бароям як мактаби бузурги зиндагӣ аст. Ҳар рӯз бо ёд овардани порае аз он зиндагиамро месозам.
Хонаам бе буданат сарду холӣ аст. Куҷоӣ, ки сар ба зонуят гузораму бо расидани дастонат ба сарам хастагиам рафъ шаваду неруву тавоноӣ бигирам, бо дидани симои нуронию зебоят зиндагӣ бароям рангинтар шавад, бо шунидани ҳарфҳои пандомӯзат ба оламу одам дилгарм гардам…
Ҳар субҳ пеши назарам меойӣ. Ғамзада аз хона берун мешавам. Бегоҳ чун бармегардам, дарро ба рӯям боз намекунӣ. Табассуми зебо бар лаб намегӯйӣ: омадӣ, духтарҷон, дер кардӣ, гушна мондӣ, ёдат кардем…
Сабуриро ҳам аз ту омӯхтаам, Модарҷонам. Хонаи охиратат пурнур бод, Модарҷони яктову беҳамтои ман.
АКС аз бойгонӣ