ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Дар Шуғнон шумораи марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, ки бо ин низом фаъолият менамоянд, меафзояд

Март 4, 2024 12:02

ХОРУҒ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи  минтақавии Бонки  миллии  Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва филиали он дар ноҳияи Шуғнон бо мақсади таъмини  фаъолияти босамари низоми пардохти ғайринақдӣ, аҳамият ва моҳияти он дар рушди иқтисоди ҷумҳурӣ бо тоҷирону соҳибкорони ин ноҳия мулоқот намуда, ба саволҳояшон посухҳои мушаххас доданд.

Мудири  филиали рақами 74-и Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Шуғнон Бахтдавлат Собиров ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки  «пардохти ғайринақдӣ ба таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, баҳри ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Шуғнон  яке  аз  калонтарин ноҳияҳои  вилоят ба ҳисоб рафта, дар ҳар  маҳалла дӯкону мағозаҳо ва  марказҳои калони  савдо мавҷуд ҳастанд. Соли  2023   дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ 85  таҷҳизоти  электронии  пардохтӣ, аз ҷумла  48  постерминал насб гардид».

Мағозаи  «Сулҳия» дар маркази  ноҳия-  шаҳраки  Ваҳдат  ҷойгир буда,  ба  соҳибкори инфиродӣ  Шокир Алимамадов  тааллуқ  дорад. Ин  мағоза аз  моҳи  январи  соли  2022  бо истифода аз    ҳисоббаробаркунии  ғайринақдӣ  фаъолият  менамояд. Дар  мағоза ҳама гуна  молу маҳсулот  ба харидорон  тавассути  корт ва  кюар-  рамзҳо фурӯхта мешавад. Ҳамчунин  дар  мағозаҳои соҳибкорон Ғуломасейн Бозоров ва Бахтоваршо  Алимададшоев ба мушоҳида расид, ки ҳамаи харидорон бо ҳисоббаробаркунии   ғайринақдӣ  хуб шинос буда, батадриҷ ба ин намуди хизматрасонӣ мегузаранд.

Бахтдавлат Собиров  гуфт, ки доир ба ин масъала бо ҳамаи роҳбарону мутахассисоне, ки бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизматрасонии давлатӣ анҷом медиҳанд, суҳбат кардаанд. Ҳамзамон  онҳоро даъват намуданд, ки якҷо бо низоми бонкии ноҳия бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 4, 2024 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8500 то 10.9425 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3232 то 9.3600 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1170 то 0.1196 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1170 то 0.1189 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8500 то 10.8848 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1170 то 0.1186 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8500 то 10.9105 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1145 то 0.1183 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3086 то 9.3400 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1120 то 0.1151 сомонӣ муқаррар шудааст