ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ-ТАЛАБИ ЗАМОН. Он ба паст шудани сатҳи коррупсия дар ҷомеа мусоидат менамояд

Март 5, 2024 11:15

ДУШАНБЕ, 05.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ барои Тоҷикистон чизи нав нест. Вале рушди бемайлони илму техника шаклҳои нави ин ҳисоббаробаркуниро бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҳомили электронии иттилоот, аз ҷумла корти пардохтии бонкӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ ба вуҷуд овард, ки имрӯзҳо дар олами муосир рушди чунин ҳисоббаробаркунӣ яке аз нишондиҳандаҳои сатҳи баланди рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ба шумор меравад. Чунин ибрози андеша намуд ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сафарзода.

— Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз бо ҳамин мазмун гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз қадамҳои навбатии ҷиддӣ ва тадбири муҳим дар роҳи рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ, ташаккул додани заминаи технологии он ва таъмини хизматрасонии рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо ба ҳисоб меравад.

Ин раванд метавонад бо маҷрои муқаррарӣ пеш равад, чунки ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, ин пеш аз ҳама, талаби замон аст. Вале Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо инобати нақши муҳими ин низоми пардохтӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва бо мақсади суръат бахшидан ба ин раванд ва рушди минбаъдаи он давра ба давра тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти сохтори молиявиро дар рушди иқтисодиёт мунтазам таъкид намуда, барои инкишофи минбаъдаи он пайваста вазифаҳои мушаххасро муайян менамоянд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 вазорати молияро вазифадор намуданд, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор раванди рақамикунонии молияву андозро густариш бахшида, дар муҳлатҳои наздиктарин низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамиро амалӣ намояд. Сарвари давлат ба масъулин чунин супориш доданд: «Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо дар ду соли минбаъда низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ пурра ҷорӣ намуда, ҳамгироии фаъолиятро дар ин самт таъмин намоянд».

Дар ин маврид мақомоти прокуратура, ки назорати риоя ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар мамлакат ба уҳда дорад, назорати қонунгузории ин соҳаро низ чун дигар соҳаҳо таъмин намуда, ба татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди низоми пардохтӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.

Қонунгузории низоми пардохтӣ нахуст ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳисоббаробаркуниҳо дар ҷумҳурӣ асосан тибқи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд. Ғайр аз ин, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок», Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 қабул шудааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллӣ, аз қабили Дастурамали №193 “Дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори раёсати ин бонк тасдиқ шудааст, ин муносибатҳоро ба танзим медароранд.

Бояд иброз намуд, ки солҳои қаблӣ дар натиҷаи амалишавии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 ва аз 4 январи соли 2014 пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иловагӣ ба кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, пардохти нафақапулиҳо, инчунин ҳисоббаробаркуниҳо барои хариди мол ва хизматрасонӣ дар ҷумҳурӣ тавассути кортҳои бонкӣ амалӣ шуд, ки барои рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ хеле заминаи муҳим ба ҳисоб мераванд.

Ғайр аз ин, 30 апрели соли 2014 ва 28 майи соли 2015 ба Дастурамали дар боло гуфташудаи Бонки миллӣ аз 25 апрели соли 2012. тағйиру иловаҳо ворид шуда, аз ҷумла мафҳумҳои “воситаҳои пардохти электронӣ”, “хизматрасонии фосилавии бонкӣ (бонкдории электронӣ)” ва ҳисоббаробаркунӣ бо кортҳои пардохтии бонкӣ ҷорӣ шуданд.

Инчунин бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31 декабри соли 2014 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” номгӯи сохторҳои алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, ки бояд бо терминалҳои электронӣ барои қабули кортҳои пардохтии бонкӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд, тасдиқ шуда, муҳлати гузаштани ин воҳидҳо ба қабули ҳатмии кортҳои пардохтии бонкӣ дар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ то 1 январи соли 2017 муқаррар шуда буд.

Бо мақсади мукаммалгардонии ҷараёни рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ заминаҳои ҳуқуқии ин соҳа сол ба сол мустаҳкам шуда, санадҳои гуногуни меъёрии ҳуқуқӣ қабул мешаванд.

Чунончи, 22 июни соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” қабул шуд, ки тибқи он аз 1 августи соли 2023 ҳамаи намудҳои хизматрасонии муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад. Аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоти давлатӣ ва ташкилоти қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасонии музднок манъ гардид.

Дар айни замон ба ин хизматрасониҳо пардохти андозҳо; боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо; пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет; ҷаримаҳо; маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ; хизматрасонии тиббӣ ва хизматрасонии коммуналӣ дохил шудаанд.

Инчунин дар ин фармони Президенти мамлакат ба тариқи умумӣ намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ дарҷ гардидаанд, ки инҳо метавонанд қабули маблағ барои баъзе ҳуҷҷату бланкаҳо, барои додани баъзе иттилоот (маълумотномаҳо) ва ғайра бошанд.

Ғайр аз ин, пас аз қабули ин фармон вобаста ба ин масъала ба якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», “Дар бораи нотариати давлатӣ”, «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ва ғайра тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардиданд.

Ҳамзамон бо мақсади рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ташкилоти молиявию қарзӣ дар ҷумҳурӣ чандин сол шуд, ки хизматрасонии ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро бо баъзе хизматрасонии коммуналӣ, хариди молу маҳсулот ва кору хизматрасонӣ ба воситаи кортҳои бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, бо рамзи QR ва ғайра амалӣ менамоянд. Вале то ба имрӯз аксарияти одамон, новобаста аз он ки маош ё нафақапулиашон ба корти бонкӣ гузаронда мешаванд ва барои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ то андозае шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, маблағҳояшонро аз банкоматҳо ба таври нақд мегиранд ва баъд хароҷот менамоянд, ки ин одат бояд аз байн бурда шавад.

Иҷрои ҳатмии ҳамаи он санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар боло гуфтем, аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор, бешубҳа, ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар ин самт бармеоянд, муосидат менамояд.

Барои риоя накардани талабот дар бораи ба тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасонии давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шуда, 3 январи соли 2024 ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 5411 илова шуд. Тибқи он барои аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ гирифтани пули нақд, ки таъйиноти он ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани маблағ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва намуди дигари хизматрасонии давлатӣ мебошад, инчунин аз ҷониби онҳо истифодаи кортҳо ва воситаҳои дигари электронии шахсии пардохт бо ин мақсад ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шуда, ҷазои ҷарима ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин карда мешавад.

Вале ба ғайр аз чунин чораҳои таъсиррасонӣ барои тадриҷан ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ гузаштан инчунин чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани хизматрасонии ғайринақдӣ низ зарур мебошад. Ин, пеш аз ҳама, пайвастшавии бефосила ба шабакаи интернет, суръати баланди интернет ва баръакс арзиши пасти он, фаъолияти муназзами воситаҳои электронии пардохтӣ, ҷорӣ намудани меъёри ягонаи пардохти ҳаққи хизматрасонии ғайринақдӣ ва паст будани ин меъёр аз меъёри пардохти ҳаққи нақдкунонии маблағ, инчунин дигар ҳавасмандгардонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки метавонанд барои интихоби ин намуди ҳисоббаробаркунӣ ва амалишавии саросарии ин иқдом мусоидат намоянд.

Дар ин маврид ташкилоти қарзӣ ва таҳвилгарони хизматрасонии пардохтӣ мебояд бештар ба андозаи меъёри пардохти ҳаққи хизматрасонии ғайринақдӣ аҳамият зоҳир намоянд. Мақомоти зиддиинҳисорӣ низ ба ин масъала бояд таваҷҷуҳ намоянд, зеро меъёри баланд барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар қиболи меъёри паст барои нақдикунонӣ наметавонад барои истифодаи ин шакли пардохт ҳавасманд гардонад.

Баланд бардоштани савияи дониши молиявӣ ва малакаи шаҳрвандон ҷиҳати истифодаи воситаҳои электронии пардохт, хусусан дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи боварии мардум ба бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ омилҳои муҳим мебошанд, ки барои таъмини ин заминаҳо низ дар фармони Президенти Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдор супориши мушаххас дода шудааст.

Ғайр аз ин, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2023) таъкид намуданд, ки моҳият ва бартариҳои низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро бояд ба аҳолӣ фаҳмонем.

Дар ин маврид гуфтан зарур аст, ки гардиши маблағи нақд ба иқтисодиёт бештар таъсири манфӣ дорад. Бояд ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, ки шаффофиятро таъмин менамояд, васеъ истифода бурда шавад. Мушкилии иқтисоди пинҳонӣ ҳам аз бисёр ҷиҳат ба гардиши зиёди пули нақд алоқамандӣ дорад. Аз ин лиҳоз, низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ барои мубориза бо чандин зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла иқтисоди пинҳонӣ, пинҳон намудани андоз, коррупсия ва ғайра кумак мерасонад, зеро зиёд будани пули нақд дар муомилот барои зиёд шудани иқтисоди пинҳонӣ ва омилҳои коррупсионӣ ва баръакс рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба паст шудани сатҳи ин омилҳо то андозае мусоидат менамояд. Маблағи нақд- ин як роҳи тасарруфи маблағҳо, тарзи осон ва мувофиқ барои саркашӣ аз андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, инчунин барои додан ва гирифтани пора мувофиқ мебошад. Аз ин рӯ, кам кардани пули нақд дар муомилот барои кам шудани ин омилҳо ва мубориза бо коррупсия дар зинаҳои поёнӣ мусоидат ва кумак менамояд.

Аз ин лиҳоз дар айни замон ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳамчун як чораи иловагии мубориза бо коррупсия дониста шуда, он ба паст шудани сатҳи коррупсия дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Ғайр аз ин, ин намуди ҳисоббаробаркунӣ дар раванди фаъолияти соҳибкорӣ ва умуман хоҷагидорӣ хароҷот (масалан, хароҷоти хизматрасонии хазинавӣ)-ро кам менамояд; ҷамъоварии андоз низ бояд зиёд гардад ва он барои шаҳрвандон роҳи мувофиқи пардохт ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон тибқи қонунгузории ҷорӣ дар ин низоми пардохтӣ кафолати маблағи муштариён низ таъмин мешавад. Чунончӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” дар низоми пардохтӣ низоми идоракунии хавфҳо амал менамояд, ки ин маҷмуи чорабиниҳо ва усулҳои коҳиш додани пайдоиши эҳтимолии оқибатҳои ногувор дар фаъолияти мунтазами низоми пардохтӣ мебошад.

Тибқи моддаи 25-и ин қонун Қоидаҳои низоми пардохтӣ метавонанд таъсис додани фонди кафолати низоми пардохтиро аз ҳисоби маблағҳои (ҳақгузории кафолатии) иштирокчиёни низоми пардохтӣ пешбинӣ намоянд. Фонди кафолати низоми пардохтӣ бо мақсади таъминоти иҷрои уҳдадориҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ истифода мегардад. Ҳангоми аз ҷониби иштирокчии низоми пардохтӣ иҷро нашудани (ба таври номатлуб иҷро шудани) уҳдадориҳо ҳақгузории кафолатии ӯ барои қонеъгардонии талабот аз рўйи чунин уҳдадориҳо истифода мегардад. Ин Фонд дар суратҳисоби бонкии алоҳида дар Бонки миллии Тоҷикистон кушода мешавад.

Тибқи моддаи 26-и ин қонун дар ҳолати муфлис эътироф намудани оператори низоми пардохтӣ маблағҳои суратҳисоби ин фонд ба ҳисоби дороиҳои ситонидашавандаи шахси муфлисшуда гузаронида нашуда, пеш аз ҳама, ба иҷрои ҳама уҳдадориҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ равона мешаванд. Дар қонун инчунин дигар талабот барои иҷрои уҳдадориҳои оператори низоми пардохт, ҳуқуқу уҳдадориҳои таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ ва муштариён пешбинӣ шудааст, ки кафолати маблағи муштариёнро таъмин менамояд.

Аз ин лиҳоз боварии комил дорем, ки вазорату идораҳои дахлдор, мутасаддиён ва шаҳрвандон ба ин масъала бо дарки масъулият муносибат намуда, иҷрои фармони дахлдори Президенти Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таъмин менамоянд ва ҳадафе, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (28 декабри соли 2023) муайян намуданд, амалӣ мегардад.

То соли 2026 низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ дар ҳамаи соҳаҳо бояд пурра ҷорӣ шавад, ки ин ба баланд гаштани нишондиҳандаҳои сатҳи рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ, боло рафтани сатҳу сифати зиндагии мардум ва паст шудани сатҳи коррупсия дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Баҳриддин САФАРЗОДА,
сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ
ва маркази матбуоти
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 5, 2024 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд