Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз хатари фаромадани тарма то 27 март ҳушдор медиҳад

Март 21, 2024 13:08

ДУШАНБЕ, 21.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони  мамлакат мерасонад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон, 21-22 март дар натиҷаи бориши пешбинишуда хавфи баланд шудани сатҳи оби дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу (Ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, дар назар аст. Инчунин аз 21 то 27 март дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва кӯҳистонии тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи Душанбе-Чанок ва манотиқи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари баланди фаромадани тарма боқӣ мемонад.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Ҳамзамон Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз анҷом додани корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, ҷамъоварии гиёҳ ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ намоянд.

Барои таъмини амнияти ронандагон дар шоҳроҳи зимистона ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода дар қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд аз ҳисоби наҷотдиҳандагони Кумита дидбонгоҳҳои  сайёр таъсис дода шудаанд.

Илова бар ин дар дигар роҳҳои кӯҳии мамлакат кормандони Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати нақлиёт ва Вазорати корҳои дохилӣ навбатдорӣ менамоянд. Ин тадбирҳо дар давраи хатари ҳодисаҳои фавқулода дар роҳҳо, ки дар натиҷаи сардии ҳаво ва бориши барф ба вуҷуд меоянд, зарур мебошанд.

 АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 21, 2024 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд