«МОДАР — ОЛИҲАИ МЕҲР». Дар шаҳри Душанбе таҳти ин унвон барномаи рангини фарҳангӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 07.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Модар — олиҳаи меҳр» — таҳти чунин унвон имрӯз бахшида ба Рӯзи Модар дар Кохи «Суруш»-и пойтахт барномаи рангини фарҳангӣ доир гардид, ки дар он фаъолзанон, кормандони сохторҳои гуногуни ҷумҳуриявию шаҳрӣ ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни ҳамоиш таъкид шуд, ки Модар сарчашмаи ҳаёт, маънибахши зиндагӣ ва муқаддастарин инсон барои фарзандон мебошад. Ҳамин аст, ки мардуми соҳибфарҳанги тоҷик аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои Модар арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз беҳтарин суннатҳои миллии мо ба шумор меравад.
Имрӯз модари тоҷик роҳбари кордон, олиму донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгари фарзандон ва нуру гармии ҳар хонадон аст.
Таъкид шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири арҷгузорӣ ба заҳматҳои Зан – Модар ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо пайваста тадбирҳои муассир амалӣ намуда, масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон-модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор медиҳад.
Ҳамзамон барои беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занон-модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву корӣ барои занон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва баланд бардоштани нақши иҷтимоии занону духтарон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Гуфта шуд, ки занону духтарон ҳамчун сокинони пойтахт иқдоми созандаи шаҳрдориро ҳамеша дастгириву ҷонибдорӣ менамоянд ва дар амалӣ сохтани корҳои ободиву созандагӣ дар шаҳр, махсусан тозаву озода нигоҳ доштани муҳити шаҳр нақши беандоза доранд.
Дар фарҷом ба хотири фароғати иштирокдорон дастагули мусиқии иборат аз суруду таронаҳои дилангез дар васфи зан-модар бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони ҷавон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд






