НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
ДУШАНБЕ, 25.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз ҷашни оғоз аст, оғози оғозҳост. Ҷашни офариниш, ҷашни зодрӯзи Замин, зодрӯзи инсон, зодрӯзи Хуршед, яъне ҷашни ҷашнҳо аст.
Наврӯз ҷашни эҳё аст, ҷашни тавлиди нур ва рӯшноӣ. Ҷашни зебоӣ, ҷашни шеъру суруд, ҷашни савту дуруд, ҷашни нишоту сууд.
Наврӯз ҷашни коштан аст, коштани ишқ, коштани умед, коштани донаҳои саховату некӣ, покиву порсоӣ, коштани ризқи мардум.
Хуҷастагии дурахшони миллати мо дар он аст, ки Наврӯзро на танҳо эҷод намуд, балки аз ҳамон оғози оғоз то ба имрӯз онро тавонист маҳфуз дорад. Аз ҳама саддҳои гарони таърих, аз ҳама фалокатҳову фоҷиаҳои маргбор, аз дами тиру теғи душманони бераҳму ғаддор бо ҳазорон ҷоннисорӣ беосеб то ба имрӯз расонад.
Оре, миллати мо тавонист давоми асрҳои гарону фоҷиабори таърих Наврӯзи худро зинда дорад. Наврӯз дар навбати худ миллати моро зинда дошт. Аз ин рӯ мо бо Наврӯзему Наврӯз бо мост. Мо ва Наврӯз абадан муҳофизи якдигар, нигаҳбону пуштибони якдигарем ва ба ҳамдигар неру мебахшем.
Наврӯз бемаргии мо, абадияти мо аст, зеро ҳар бор дар вартаҳои фалокат ва лаҳзаҳои охирин меояду ба мо неруи тоза ва эҳёи нав мебахшад ва моро наҷот медиҳад.
Наврӯз ҷашни хирад аст. Наврӯз ҷашни фазилату адаб, саховату ҷавонмардӣ, ҷашни некиву некӯкорӣ, ҷашни хайр ва раҳмату шафқат аст.
Наврӯз оинаи ҳама ойинҳои мо аст. Оинае, ки дар он ҳама хуҷастагиҳои миллати мо таҷассуми зебову мондагори худро ёфтаанд.
Наврӯз симои нуронӣ ва нозанини миллии мо аст. Симои меҳр, ишқ, муҳаббат, симои умеду бовар, симои фазилату одоб ва родмардиҳои халқи куҳанбунёду тамаддунпарвару башардӯсти мо.
Наврӯз бунёди маънавии миллати мо аст, ки тамоми ойинҳояш бар некиву сиришти нек, бар хайрхоҳиву инсондӯстӣ, бар ишқу муҳаббату футувват, ба озодиву озодагӣ, зебоиву зебоипарастӣ қомат афрохтааст.
Наврӯз ҷашни озодиву озодагон аст. Сарахбори Наврӯз покиву покизагӣ аст. Мардуми мо бар пешвози Наврӯз аввалан ҳама ҷоро об задаву мерӯбанд, тозаву озода мекунанд, на танҳо роҳҳо, на танҳо хонаҳо, балки ботини худро низ тоза мекунанд, яъне ғубори кину андӯҳро аз синаҳо бадар намудаву ба дур меафкананд, то гарде ба пову қадамҳои мубораки Наврӯз нарасад.
Наврӯз суннатҳои зиёди хоси худро дорад, ки ҳар яке зеботару волотар аз ҳамдигар буда, намунаи барҷастаи ибрати ҷавонмардист. Аммо волотарини ин суннатҳо бахшидани гуноҳи ҳамдигар аст. Ин суннат вомедорад, ки дар рӯзи Наврӯз одамон аз гуноҳони ҳамдигар гузашт кунанд, ҳамдигарро бубахшанд. Оё дар кадомин ойини башарӣ дидаед, чунин суннатеро, ки во дорад душманон дӯст шаванд. Ин суннати Наврӯзи мо аст, ки ғояти баланди одоби инсониву ҷавонмардиро ифода мекунад.
Наврӯз ҷашни ҳунар аст. Наврӯз аст, ки садҳо ҳунару пешаву касбу кори мардумиро дар худ маҳфуз доштааст ва намегузорад, ки онҳо аз байн раванд, зеро бе онҳо суннатҳои Наврӯз нокомиланд. Наврӯз аст, ки дар дурдасттарин гӯшаҳои кӯҳистони мо нодиртарин ҳунарҳо ҳанӯз ҳам маҳфуз мондаанд, ки ҳама намои сиришти эҷодкори мардуми шарифи моянд.
Наврӯз ҷашни фарҳанг ва санъат буда, дар суннатҳои он санъатҳои нодиру нотакрори милливу мардумии мо маҳфуз мондаанд. Саҳнаҳои Наврӯз саҳнаҳои даҳҳо ҳунари санъати баланди миллӣ мебошанд, аз навозандагӣ то рақсу суруд, саҳнасозиҳои рангини ҳунармандона, эҷоди тасвирҳои тару тоза ва руҳбахш.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон






