НАВРӮЗ-РАМЗИ ХУДШИНОСИВУ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Наврӯзи ҷаҳонӣ таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 20.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии мо аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ваҳдату иттиҳод, созандагию ободкорӣ, дӯстию инсонпарварӣ ва дигар арзишҳои олии башарӣ мардумро гирди ҳам овардааст. Чунин гуфта шуд дар маросими таҷлили бошукуҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон.
Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода кормандони низоми бонкии мамлакатро бо фаро расидани ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик намуд.
Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон иброз доштанд, ки «мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ва ин далел низ мояи ифтихори мо аст, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст».
Таъкид шуд, ки 23 феврали соли 2010 бо ташаббуси Пешвои миллат иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон намудани Наврӯз қатънома қабул намуд. Тибқи он ҷашни Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфта, акнун дар саросари олам бошукуҳ таҷлил мешавад.
Тавре медонем, бо гузаштани муддати начандон дароз дар Тоҷикистон низоми давлатдории ҷавобгӯ ба ормонҳои деринаи миллӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки беҳтарин армуғони наврӯзии мардуми мо буда, он барои рушди муназзам ва устувори давлати мо тамоми шароити заруриро фароҳам овард. Истиқлоли давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурге гузошт, ки ташкили давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, таъмини зиндагии шоиста ва оғози раванди созандагиву бунёдкорӣ муҳимтарини онҳо буданд.



Имрӯз ҳам ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва василаи муҳими пешрафти ҷомеа ва давлати тоҷикон мебошанд. Ҳоло Тоҷикистон ба монанди бисёр давлатҳои ҷаҳон зери таъсири таҳаввулоти бузурги иқтисодӣ қарор дорад. Ин ҳолат моро водор месозад, ки чор ҳадафи стратегии давлатро дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат тадриҷан идома бахшида, амалӣ созем.
Дар маросими таҷлили Наврӯз муҳаққиқон доир ба таърихи пайдоиш ва анъанаҳои Наврӯз сухан намуданд. Инчунин намояндагони созмони ҷавонони бонк ва занони Бонки миллии Тоҷикистон бо шеъру таронаҳои ҷолиби наврӯзӣ руҳияи аҳли нишастро болида гардониданд.
Чун анъанаи нек ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар байни воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шуд, бо ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
НАВРӮЗ — ВАСИЛАИ МУАССИРИ МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО. Таҳти ин унвон конфронси илмию амалӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид






