НАВРӮЗ-РАМЗИ ХУДШИНОСИВУ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Наврӯзи ҷаҳонӣ таҷлил шуд

Март 20, 2024 15:10

ДУШАНБЕ, 20.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии мо аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ваҳдату иттиҳод, созандагию ободкорӣ, дӯстию инсонпарварӣ ва дигар арзишҳои олии башарӣ мардумро гирди ҳам овардааст. Чунин гуфта шуд дар маросими таҷлили бошукуҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон.

Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода кормандони низоми бонкии мамлакатро бо фаро расидани ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик намуд.

Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон иброз доштанд, ки «мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ва ин далел низ мояи ифтихори мо аст, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст».

Таъкид шуд, ки 23 феврали соли 2010 бо ташаббуси Пешвои  миллат иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон намудани Наврӯз қатънома қабул намуд. Тибқи он ҷашни Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфта, акнун дар саросари олам бошукуҳ таҷлил мешавад.

Тавре медонем, бо гузаштани муддати начандон дароз дар Тоҷикистон низоми давлатдории ҷавобгӯ ба ормонҳои деринаи миллӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки беҳтарин армуғони наврӯзии мардуми мо буда, он барои рушди муназзам ва устувори давлати мо тамоми шароити заруриро фароҳам овард. Истиқлоли давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурге гузошт, ки ташкили давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, таъмини зиндагии шоиста ва оғози раванди созандагиву бунёдкорӣ муҳимтарини онҳо буданд.


Имрӯз ҳам ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва василаи муҳими пешрафти ҷомеа ва давлати тоҷикон мебошанд. Ҳоло Тоҷикистон ба монанди бисёр давлатҳои ҷаҳон зери таъсири таҳаввулоти бузурги иқтисодӣ қарор дорад. Ин ҳолат моро водор месозад, ки чор ҳадафи стратегии давлатро дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат тадриҷан идома бахшида, амалӣ созем.

Дар маросими таҷлили Наврӯз муҳаққиқон доир ба таърихи пайдоиш ва анъанаҳои Наврӯз сухан намуданд. Инчунин намояндагони созмони ҷавонони бонк ва занони Бонки миллии Тоҷикистон бо шеъру таронаҳои ҷолиби наврӯзӣ руҳияи аҳли нишастро болида гардониданд.

Чун анъанаи нек ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар байни воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шуд, бо ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Март 20, 2024 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 9.8534 то 9.9000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1260 то 0.1220 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Турсунзода Фестивали саводнокии молиявӣ баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1263 то 0.1235 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни «Амонатбонк» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ академияи бонкӣ таъсис дода мешавад
«Саноатсодиротбонк» ба соҳибкорони Бадахшон беш аз 130 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.4976 то 11.3200 сомонӣ муқаррар шудааст
Масъалаҳои муҳими марбут ба пешгирии хавфҳои ҷойдошта дар ҷаласаи Шурои комплаенс баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 9.9000 то 9.9500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1266 то 0.1230 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1270 то 0.1230 сомонӣ муқаррар шудааст