НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд

Март 25, 2024 13:46

ДУШАНБЕ, 25.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ ва ташкили намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои хоси Наврӯз, бозиҳои миллии варзишӣ, қироати шеъру таронаҳои мардумӣ Иди байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар тантанаҳои наврӯзӣ меҳмонон аз хаймаҳои наврӯзии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят тамошо намуда, зимни суҳбат бо намояндагони шаҳру ноҳияҳо, ҳунармандону собиқадорони меҳнат, иштирокдорони чорабинӣ аз таърихи Наврӯзи хуҷастапай ва саҳми он дар тамаддуни башарият ёдоварӣ намуданд.

Дар чорабинӣ иброз гардид, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашни​ миллӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, зиёда аз шаш ҳазор сол пеш вобаста ба оғози кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст.

Таъкид карда шуд, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи эҳёи суннатҳои неки ниёгон, нигаҳдорӣ ва муқаддас донистани арзишҳои волои аҷдодӣ шукуҳи бештар бахшид.


Иди байналмилалии Наврӯз барои ба ҳам омадан, ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, осоишу осудагии ҷаҳониён хидмат мекунад, хоса дар шароити вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза баҳрабардорӣ аз суннатҳо ва ҳикматҳои неки он хеле муҳим мебошад. Зеро Наврӯз тантанаи нур, сулҳу осоиш ва ваҳдату ҳамзистӣ буда, инсониятро барои зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшон ҳидоят мекунад. Яке аз суннатҳои бисёр хубе, ки мардуми мо дар ҷашнгирии Наврӯз анҷом медиҳанд, оростани дастурхони идона аз неъматҳои табиати диёр мебошад, ки баёнгари сарватҳои бойи ҷумҳурӣ буда, инсонро ба саховатпешагӣ даъват мекунад.​

Тазаккур дода шуд, ки Наврӯзи хуҷастапай муждаи неки баҳори хуррам аст, ки моро ба истиқрори сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, барафрохтани чароғи дӯстиву рафоқат, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб, худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз карда, барои эҳё ва барқарор сохтани арзишҳои олии маънавӣ саъю кӯшиш намоем ва онҳоро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи ҷолиб ва рангини консертӣ пешниҳод гардида, зебоиҳои Ватани маҳбубамон, сулҳу ваҳдат, Наврӯзи Аҷам васф карда шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 25, 2024 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд