ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои анҷоми бозии интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ ба Риёз рафт
ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе барои бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» ба муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ вориди шаҳри Риёз шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохил шудаанд, ки аз ин шумора 23 нафар ба дархости ниҳоӣ ҳамроҳ мешаванд.
Бояд гуфт, ки бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 21 март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Ҷоми ҷаҳон-2026. Марҳилаи интихобӣ
Даври дуюм. Гурӯҳи «G»
21 март (панҷшанбе)
Оғоз – соати 23:59 ба вақти Душанбе
Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН
Риёз, Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






