ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Риёз нахустин тамринҳоро анҷом дод
ДУШАНБЕ, 20.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ба муқобили яккачини Арабистони Саудӣ нахустин тамринҳояшро дар Риёз анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Машқҳои дастаи мо дар варзишгоҳи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд якуним соат давом намуданд. Ҳимоятгари «Персеполис»-и Эрон Ваҳдат Ҳанонов ба даста пайваст. Дастаи Тоҷикистон баъди ба саф пайвастани нимҳимоятгари «Тюмен»-и Русия Руслан Хайлоев комил мешавад.
Бояд гуфт, ки бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 21 март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






