«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Ғолибон ва ҷоизадорони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ муайян гардиданд

Март 9, 2024 08:54

ДУШАНБЕ, 09.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 март дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ- гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар маросими кушодашавии мусобиқа Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок намуданд.

Дар мусобиқа зиёда аз 200  варзишгар аз 40 давлат иштирок намуда, маҳорат ва малакаи варзишиашонро нишон доданд. Маблағи ҷоизаҳои пулии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро  ташкил дод.

Тавре таъкид гардид, ҳадафи асосӣ аз гузаронидани ин мусобиқаҳои варзишӣ- ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонии сокинони  пойтахт  ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни миллӣ — Наврӯзи байналмилалӣ мебошад.

Дар натиҷаи қувваозмоиҳо ғолибон ва ҷоизадорони Мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе»  муайян гардиданд:

Мардон

Вазни -65 кг

1.Шаҳбоз Саидабуроров (Тоҷикистон)

2.Хайрандеш Муродзода (Тоҷикистон)

3.Сӯҳроб Боқиев  (Тоҷикистон)

3.Воҳид Бариманлоу (Эрон)

Вазни -71 кг

1.Мирзоҷамил Рамазонов  (Тоҷикистон)

2.Абубакр Боқиев (Тоҷикистон)

3.Алиҷон Боқиев (Тоҷикистон)

3.Дилшодбек Юлдошев (Узбекистон)

Вазни -78 кг

Раҳматуллобек Фарҳодов (Тоҷикистон)

Ромин Сабзалӣ (Тоҷикистон)

Уали  Куржев (Русия)

Аҳрор Зиёдуллоев (Узбекистон)

Вазни -86  кг

1.Умар Расулов (Тоҷикистон)

2.Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)

3.Масъуд Қавибозу (Эрон)

3.Умар Бозоров (Узбекистон)

Вазни +86 кг

1.Шермуҳаммад Ҷандреев (Узбекистон)

2.Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон)

3.Улуғбек Раҳимов (Тоҷикистон)

3.Антон Брачов (Русия)

Занон

Вазни -57  кг

1.Ли ван Тин (Чин)

2.Гантсегсег Гандболд (Муғулистон)

3.Пардис Эйдиванди (Эрон)

3.Кенан Адҳам (Сурия)

Вазни -70  кг

1.Алена Прокопенко (Русия)

2.Ҷонона Назарова (Тоҷикистон)

3.Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)

3.Ажар Салюкова (Қазоқистон)

АКС: ТВ «Варзиш»

 

Март 9, 2024 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид