Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд

Март 11, 2024 17:58

ДУШАНБЕ, 11.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Абдулло Ориповро, ки барои иштирок дар нишасти навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорию шарокати ду давлат баррасӣ шуд.

Ҳамчунин масъалаҳои Рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ки кори худро дар Душанбе оғоз менамояд, мавриди баррасӣ қарор доштанд.

Бо ишора ба афзоиши тиҷорати дуҷониба, ки ҳаҷми он дар соли гузашта ба зиёда аз 504 млн. доллари амрикоӣ расида буд, таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ба маротиб зиёд намудани ин нишондод мавҷуд аст. Дар ин зимн таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, аз ҷумла тавлиди “неруи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” зоҳир гардид.

Баррасии роҳҳои густариши робитаҳои илмию техникӣ ва фарҳангию маърифатӣ низ аз мавзуъҳои меҳварии суҳбат буд.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов 11.03.2024

Март 11, 2024 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд