Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Март 23, 2024 09:30

ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари ҳамлаи золимонаи террористӣ ба маҷмааи «Крокус Сити Холл» дар наздикии Москва, ки бар асари он шумораи зиёди шаҳрвандони Русия ба ҳалокат расида ва захмӣ шуданд, боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Мо ин кирдори зӯроварии ғайрииинсониро, ки наметавонад бо ягон далел асоснок карда шавад, қотеона маҳкум мекунем.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Русия таъзияву тасаллиёт ва ҳамдардии самимии ин ҷонибро иброз менамоям. Хоҳони шифои оҷили ҳамаи осебдидагон ҳастем».

Март 23, 2024 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров аз Бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Такоб» боздид намуданд
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи «Дӯстии абадӣ» иштирок намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистону Қирғизистон дар маркази «ЭКСПО»-и шаҳри Душанбе боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд
Нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар Қасри миллат
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд