Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
ДУШАНБЕ, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 15 сол аст, ки фарзандони мо — панҷ нафар бародар, ки зиёда аз 30 нафарро ташкил медиҳанд, ба муҳоҷирати меҳнатӣ нарафта, дар 7, 5 гектар замини хоҷагиамон ба кишоварзӣ машғул гашта, аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст меоранд. Мо аз бозор танҳо равған, орд, шакар, либос ва маводҳои шӯстушӯӣ мехарему халос. Оилаамонро бо маҳсулоти кишоварзӣ, мева, асал, гӯшт, шир, тухм ва гӯшти паранда аз хоҷагии худамон таъмин менамоем. Захира барои зимистонро низ аз ҳосили боғу маҳсулоти парваришнамудаи худамон омода месозем. Аз ҳисоби даромади аз ин замин ба дастоварда хона сохта, соҳиби мошини сабукрав ҳам гаштаем. Ҳамчунин барои осон кардани корамон трактор ва дигар таҷҳизоти муосири соҳаи кишоварзиро ҳам дастрас намудаем. Чунин нақл кард роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир» аз деҳаи Зарнисори ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон Тоҳир Юлдошев дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».
Тоҳир Юлдошев зиёда аз 40 сол аст, ки ба кишоварзӣ машғул мебошад. Дар хоҷагии ташкилнамудаи ин деҳқони асил на танҳо аҳли оилаи ӯ ва бародаронаш, балки як гурӯҳ ҳамдеҳагон бо ҷойи кор таъмин гаштаанд. Дар ин хоҷагии деҳқонӣ заминро самаранок истифода бурда, бо риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ аз он дар як сол 3-4 ҳосил мерӯёнанд.Онҳо ҳатто замини байни гармхонаҳоро оқилона истифода бурда, дар он сабзавот парвариш менамоянд.
«Деҳқонӣ пешаи басо мушкилу шарафнок аст. Баъзеҳо чунин андеша доранд, ки барои ба кишоварзӣ машғул шудан каме таҷриба доштан басанда аст. Аммо ин фикр чандон дуруст нест. Деҳқони имрӯза бояд ҳамқадами замон ва шахси аз пешрафти зиндагӣ огоҳ бошад. Фарз кардем, агар деҳқони имрӯза истифода технологияи ҳозиразамонро надонад, чӣ тавр метавонад аз таҷрибаи деҳқонони давлатҳои пешрафтаи дунё воқиф гардаду онро дар амал истифода барад? Ё таркиби хокро наомӯхта, истифода дурусти нуриҳои минералиро надониста, вобаста ба иқлими зист растаниро интихоб накарда, метавонад муваффақ гардад? Дар хоҷагии мо масалан, аз усули нави кор дар соҳаи кишоварзӣ тариқи интернет маълумот мегиранд, ҳарчанд, ки барои мо аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ машварату омӯзишҳо ташкил мегарданд. Мо ҳоло аз усули обёрии қатрагӣ истифода мебарем, ки бартарии онро дар таҷриба мушоҳида кардем»,- илова кард Тоҳир Юлдошев.
Ба гуфтаи ин деҳқони соҳибтаҷриба, онҳо дар 1 гектар гармхона ташкил намуда, дар он қулфинай, қаламфури булғорӣ, парвардаи бодирингу помидор ва полезиҳоро парвариш менамоянд.
«Мо дар фурӯши маҳсулот ҳеҷ мушкилӣ надорем. Соҳибкорон ба назди мо омада фармоиш медиҳанд ва мо тибқи он маҳсулотро ҷамъоварӣ намуда, онро мефурӯшем»,- гуфт Тоҳир Юлдошев.
Дар замин наздиҳавлигии саҳмдорони ин хоҷагии деҳқонӣ парвариши чорво, паранда, занбурӣ асал низ ба мушоҳида расид, ки он барои таъмини аҳли оилааи онҳо нигаронида шудааст.
«Ман ҳайрон мешавам, ки баъзе аз сокинони деҳоти ҷумҳурӣ ҳатто тухму ширро аз мағоза мехаранд. Ҳол он ки дар замини наздиҳавлигиашон парвариши паранда ва чорвои хурд хеҷ мушкилӣ надорад. Дар деҳа зиндагӣ карда, шир, тухм ва гӯштро набояд аз бозор харид», — мегӯяд роҳбари ин хоҷагии деҳқонӣ.
Имрӯзҳо саҳмдорони хоҷагӣ ба ҷамъоварии гулкарам машғул буда, баъди каме дам додани замин дар ин ҷо кишти дигар маҳсулоти кишоварзиро анҷом медиҳанд.
«Беҳуда заминро ба модар шабоҳат надодаанд. Агар кас ба замин оқилона муносибат намояд, онро самаранок истифода барад, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, на танҳо оилаи худ, балки дигаронро бо маҳсулоти хушсифтаи кишоварзӣ таъмин карда метавонад»,- мегӯяд ин деҳқони соҳибтаҷриба.
Анҷоми суҳбати моро ду нафар интизорӣ мекашиданд. Маълум гардид, ки ин нафарон гармхона ташкил карданианду барои маслиҳат гирифтан ба назди Тоҳир Юлдошев омадаанд.
«Мо ба бисёре аз ҳамдеҳагон дар ташкили гармхона ва ҷиҳати гирифтани ҳосили баланд аз заминҳояшон бо додани тавсияҳои муфид аз таҷрибаи худ кумак мерасонем»,- гуфт ин барзгари ботаҷриба.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»














Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






