РОЗИЯ ОЗОД — МОДАРИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар ташаккули шахсияти Қаҳрамони Тоҷикистон маҳз модар нақши барҷаста гузоштааст

Март 8, 2024 16:36

ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бобоҷон Ғафуров дар муҳите тарбия ёфта буд, ки дар он муҳаббат ба илму дониш ва фарҳангу адаб арзиши баланд дошт. Аз ҷумла, модари ӯ шоири номдор Розияи Озод, ки бо асарҳои адибони классики тоҷик, хусусан бо осори устод Рӯдакӣ, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизу Бедил ва дигар шоирону донишмандон ошноии комил дошт, дар ташаккули шахсияти фарзандаш нақши ҳалкунанда бозид. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ, ки  ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 дар Душанбе баргузор гардид, баён доштанд.

Дар ташаккули шахсияти Бобоҷон Ғафуров нақши модар барҷаста аст

Дар ташаккули шахсияти аллома ва Қаҳрамони Тоҷикистон  Бобоҷон Ғафуров, ки муаллифи китоби таърихии «Тоҷикон» мебошад, модари маърифатпарвараш Розия Озод нақши барҷаста гузоштааст. Розия Озод дар фароҳам овардани муҳити созгор ва тарбияи дурусти ӯ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда буд, зеро ҷавҳари ашъори ин модари донишманд аз ғояҳои худшиносӣ, ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ иборат буд. Маҳз бо шарофати самараи тарбия дар фазои мусоиди оилавӣ  Бобоҷон Ғафуров баъдтар ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ, тарғибгари арзишҳои миллӣ ва таърихи миллати тоҷик ба камол расид.

Розия Озод дар баробари  тарбияи фарзанд рӯйдодҳои замонро ба риштаи назм мекашид

Модари академик Бобоҷон Ғафуров шоири тоҷик Ғафурова Розия Бойматовна мебошад, ки бо тахаллуси Розия Озод шеър менавишт. Розия Озод 17 январи соли 1893 дар деҳаи Исфисори ноҳияи Ғафуров, дар оилаи косиб ба дунё омадааст. Падару модар зеҳни тез, ақли расо ва меҳру муҳаббати беандозаи Розияи хурдакакро нисбат ба китоб эҳсос намуда, новобаста аз зиндагии тоқатфарсо ӯро ба мактаби кӯҳнаи духтарона месупоранд. Дар муддати кӯтоҳ ӯ бо зеҳни тозаю фаҳмиши баланд аз дугонаҳояш пеш гузашта, бо шавқ ба мутолиаи асарҳои классикони адабиёти тоҷик-Камоли Хуҷандӣ, Аттор, Фирдавсии Тӯсӣ, Саъдию Ҳофиз, Бедил, Мавлонои Балхӣ  пардохта, дар пайравии шоирони адабиёти классикии тоҷик шеърҳо навишт.

Розия Озод гузаштаҳои талх, азобу машаққати дар ҷавонию миёнаумрӣ кашидаашро бо ҳасрат ба қалам додаст ва  узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳам буд. Ин модари бузург бо хислатҳои накую ҳамидааш дар тарбия ва ба камол расонидани фарзандон саҳми  бориз гузоштааст. Агар саҳифаҳои зиндагиномаи ин  зани маърифатпарварро варақ гардонем, шоҳиди он мегардем, ки ӯ дар солҳои вазнини асри 20 дар баробари  тарбияи фарзандон қалам ба даст гирифта, рӯйдодҳои замонашро ба риштаи назм кашидааст.

      Модар фарзандонашро бо шеърҳои пандомез тарбия намудааст

Дар оғози асри XX Розия Озод бо Мирғафур Сангинов оила барпо намуда, дар ҳамин оила  Бобоҷон Ғафуров ва дигар фарзандонаш — Тоҷиниссо, Зебуниссо, Ҳомидҷону  Олимҷон ба дунё омаданд. Розия,  ки зани боирода ва маърифатпарвар буд, тавонист фарзандонашро дар руҳияи  ватандӯстию меҳнатдӯстӣ ба камол расонида, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун созад. Вай фарзандонашро дар оила  бо шеърҳои пандомезаш тарбия намуда, доимо таъкид менамуд, ки нонро бо меҳнати ҳалол ба даст оранд, дар талаби илму дониш бошанд ва онҳоро ҳамеша ба омӯхтани илму дониш, меҳнатдӯстию ватандӯстӣ  ҳидоят ва тарбия менамуд. Шоира бевосита шоҳиди вазниниҳои  сахти давраҳои тоинқилобӣ буд ва мехост, ки фарзандонаш соҳиби илму дониш гарданд, ба халқу ватанашон хизмат намоянд, аз ин рӯ барои тарбияи фарзандонаш мунтазам кӯшиш менамуд.

Бобоҷон Ғафуров дар партави тарбияи модар шуҳратёр гардид

Таваллуд ва ба камол расидани аллома Бобоҷон Ғафуров дар хонаводаи Розия Озод бозгӯи тарбияи дуруст ва ҳидояти хуби модар буда, маҳз Бобоҷон Ғафуров дар партави тарбияи модар  шуҳратёр гардид. Бобоҷон Ғафуров ҳангоме ки  дар вазифаҳои пурмасъули ҳизбӣ фаъолият менамуд,  модар ҳамеша дар паҳлуяш буд, дасти дуо кушода, ба ӯ дуои нек медод, насиҳатҳо мекард ва барои шахсияти бузург шудани  фарзандаш таъсир мегузошт. Аз ин рӯ, Бобоҷон Ғафуров аз хурдӣ дар руҳияи эҳтиром ва муҳаббат ба модару Ватан ба камол расид. Тарбияи модар барои мақоми баланд ёфтани Бобоҷон Ғафуров  дар ҷомеа хеле арзишманд буда, яке аз сарчашмаҳои шуҳратёбии Бобоҷон Ғафуров модараш мебошад.

Розия Озод бори гаронӣ зиндагиро ба дӯш дошт 

Падари Бобоҷон Ғафуров  соли 1935 аз олам мегузарад ва Розия Озод, ки модари серфарзанд буд, тамоми бори гарони зиндагӣ- тарбияи фарзандон ба дӯшаш меафтад. Бо шарофати ғамхорию меҳрубонии модар  на танҳо Бобоҷон, балки тамоми фарзандон ба роҳи дурусти  зиндагӣ ҳидоят шуда, ба камол расида, дар ҷомеа бо меҳнатдӯстиашон номбардори Модар-Ватан гардиданд. Навиштаҳои фарзандон, инчунин дигар адабиётшиносону муаррихон далели ин гуфтаҳо аст, ки Розия Озод воқеан як зани барнодил, хоксор, қавиирода, донишманд, маърифатпарвар ва дорои фазилатҳои неку ҳамидаи инсонӣ буд.

Камолоти шоир ба солҳои 40-уми асри XX рост  меояд

Розия Озод дар давраи  Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1940-1945) хома ба даст гирифта, шеър менависад ва камолоти шоир ба ҳамин солҳо рост меояд. Шеърҳои дар ин давра эҷоднамудаи  шоир ба мардони бонанг, ки синаи худро сипар намуда, алайҳи  душманон меҷангиданд, бахшида шудаанд. Шоир дар шеърҳояш, ки хеле пуртаъсир буданд,  муҳаббату садоқат ба  Ватан — модарро тараннум ва нисбат ба душманон нафрат баён намуда, бо ашъори ватандӯстонааш корнамоиҳои ҷанговарон ва фиристодагони Тоҷикистонро дар ҷанг ва ақибгоҳ, ки таҳти шиори «Ҳама ба фронт, ҳама барои ғалаба» меҳнат менамуданд,  ситоиш намудааст. Баҳри руҳбаландии ҳомиёни Ватан ӯ шеър ва достонҳое навишт, ки дар нахустмаҷмуаи ӯ «Муҳаббат ба Ватан» гирд омадаанд.

Ашъори минбаъдаи Розияи Озод дар маҷмуаҳои «Гулистони ишқ» 1946, «Аз водии тиллоӣ» (1948), «Иқбол» (1951) ва «Зинда бод сулҳ» (1954) гирд оварда шудаанд. Се китоби шеърҳои ӯ бо номҳои «Солнечный край», «Стихи», «Любовь к Родине» бо забони русӣ нашр гардидаанд. Пас аз марги шоир китобҳояш «Шеърҳои мунтахаб» (1957), «Дӯстони ман» (1958), «Мунтахабот» (1959), «Орзуи ман» (1962) ба табъ расидаанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 8, 2024 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«ВОРИСОНИ ШАШМАҚОМ». Бахшида ба Рӯзи шашмақом китоби нав нашр гардид
МУАЛЛИМИ МАН
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
Рамзи фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» омода гардид
Ёдгории бостонии «Тахти Шоҳӣ» бозгӯи он аст, ки ин мавзеъ аз қадим макони зисти тоҷикон будааст
7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ба ифтихори ин шоҳасари мусиқӣ Фестивал-симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
Қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam-2024» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин