Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол нав шуд

Март 14, 2024 09:58

ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассиси 52-солаи словенӣ Милош Костич сармураббии нави дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-20) таъйин шуд. Ӯ дастаро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки моҳи сентябри соли 2024 баргузор мешавад, омода менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Милош Костич дар замонҳои гуногун сармураббии дастаҳои наврасон (U-17) ва ҷавонони (U-19) Словения буд. Ӯ ҳамчунин бошгоҳҳои «Срвена Звезда» (Сербия), «Железничар» (Босния ва Ҳерсеговина), «Ахарнаикос», «Ираклис», «Трикала» (ҳама аз Юнон), «Люфтетари» (Албания) ва «Сент-Трюден» (Белгия)-ро роҳбарӣ намудааст.

Мутахассиси 52-солаи словенӣ Милош Костич дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи «Pro»-и УЕФА мебошад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 14, 2024 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад