Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт байни хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад
ДУШАНБЕ, 06.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорону хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ба номи Бозор Собири ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар вохӯрӣ атрофи масоили пешгирии ҳолатҳои нохуш бо иштироки ноболиғон, махсусан садамаҳои роҳу нақлиёт ва пешгирии чунин ҳодисаҳо ибрози андеша намуданд.
Ҳамзамон аз содиршавии ҳуқуқвайронкунию қонуншиканӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он мисолҳо оварда, дастоварду натиҷаҳо, рушду тараққиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамон ёдоварӣ гардид.
Гуфта шуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи наврасону хонандагон таҳсили аъло ва рафтори шоистаи таҳсин мебошад.
Пеш аз оғози вохӯрӣ дар даромадгоҳи муассиса расмҳои кашидаи хонандагон вобаста ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба намоиш гузошта шуд, ки аз ҷониби масъулин баҳои баланд гирифтанд. Инчунин 3 хонандаи беҳтарин бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳои муфид дар дигар муассисаҳои таълимии пойтахт низ ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд






