Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии бинои маъмурии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи бунёди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна, 80 ҳуҷраи корӣ ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мешавад.
Тибқи лоиҳа, дар ошёнаи якуми иншоот маҷлисгоҳи калон бо 500 ҷойи нишаст, толори хурд бо 180 ҷой, ошхона барои 150 нафар, ҳуҷраҳои корӣ ва нуқтаҳои ёрирасон ҷойгир хоҳад шуд.
Бинои нави маъмурии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, масоҳати умумии қитъаи замини он 7 ҳазору 712 ва зери сохтмон 3 ҳазору 644 метри мураббаъро ташкил менамояд.
Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби ҳаёт” мебошад.
Дар ошёнаҳои болоӣ ҳуҷраҳои кушоду барҳавои корӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо тамоми шароити замони муосир муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.
Таҳхонаи бино барои таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт ва муассисаҳои нашриётии зертобеи вазорат пешбинӣ шудааст.
Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои хуштарҳу замонавӣ тамоми раёсату шуъбаҳо, бахшҳо ва дигар муассисаҳои зертобеи вазорат дар як бинои маъмурӣ ҷойгир карда мешаванд.
Оғози сохтмони бинои зебову муҳташами Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон собитгари он аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати рушди бахши мазкур пайваста ғамхорӣ менамоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Вазорати фарҳанг барои истифодаи масолеҳи баландсифати ватанӣ дар иншоот ва дар муҳлати 2 сол бо сатҳу сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.









Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд






