ШАБОҲАТИ ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ДАВЛАТҲОИ АВРУПО. Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст

Март 23, 2024 13:49

ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои мо, тоҷикон ва кулли давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз мояи ифтихор аст, ки ин иди куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то ба Осиёи Марказӣ, нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст. Чунин навиштаанд дар мақолаашон доктори илмҳои таърих, профессор мудири шуъбаи  Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои  Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Санавбарбону Воҳидова ва номзади илмҳои филологӣ, ходими пешбари шуъбаи Аврупо  Гулҳаё Мадимарова, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст. 

— Бояд гуфт, ки баъзе нишонаҳо ва оинҳои хосе дар фарҳангу боварҳои мардуми мухталифи дунё пеш аз байналмилалӣ гаштани Наврӯз низ вуҷуд доштанд, ки қаробатҳои хеле наздике ба анъанаҳои баргузории ин ҷашн, хосатан ба урфу одатҳои наврӯзии тоҷиконаи мо доранд. Дар ин замина намунаи идҳои баҳорӣ дар кишварҳои Арупоро метавон иброз намуд. Гарчанде ки ин анъанаҳо бо номҳои мухталиф ва хоси забону боварҳои мардуми ин минтақаҳо мебошанд, аммо раванди баргузории онҳо ба ҷараёни гузаронидани оинҳои наврӯзӣ дар ҷумҳурии мо қариб ҳамнаво ҳастанд.

Мардуми Аврупо давоми қарнҳо ҷашнҳои баҳориро такмил дода, дар пайвастагӣ бо расму оин ва анъанаҳояшон таҷлил менамоянд. Яке аз фаслҳое, ки фарорасиаш ҷашнҳои зиёдеро ҳамроҳ  меорад, баҳор мебошад. Аз таҳлилҳо маълум мегардад, ки таҷлили анъанаҳои фасли баҳор дар кишварҳои аврупоӣ ва ҷаҳон нисбат ба дигар фаслҳо зиёдтар ба назар мерасад. Анъанаҳои шабеҳ ба оинҳои наврӯзии аҷдодону гузаштагони халқи тоҷик, ки таърихи ҳазорсола ва фарҳанги бой доранд, таъсиргузории амиқе дар таъриху фарҳанги мардумони дунё дорад ва баъзе аломатҳову назири онҳо дар кишварҳои Аврупо низ ба чашм мерасанд.

Аз мушоҳида маълум мегардад, ки иддае аз оинҳои идҳои баҳорӣ дар давлатҳои Аврупо, ҳатто хусусияти сирф наврӯзиеро, ки мардуми мо онро ҳангоми фарорасии ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом медиҳанд, дар худ инъикос менамоянд. Маъмултарин анъанаҳое, ки дар давлатҳои Аврупо- Италия, Фаронса, Олмон, Австрия, Швейтсария, Ҳолланд, Австралия, Зеландияи Нав амалӣ мешаванд, ин оташ афрӯхтан ва аз болои он ҷаҳидан аст. Метавон гуфт, ки ин ҷараён реша дар умқи таърихи куҳан ва эътиқоди пешдодиёни мо, хусусан яке аз нахустин динҳои мардуми ориёнажод- зардуштия дорад.

Дар аксари ин давлатҳо оинҳои пешвози фасли баҳор аз рӯзҳои нахустини он оғоз меёбанд. Масалан, рӯзҳои аввали моҳи март дар Италия одатан ба таҷлили ҷашни фароғатии Сан Ҷузеппе (Сент Ҷозеф) мепардозанд. Дар бисёр ҷойҳо дар ин рӯз оташдонҳои зиёд, ки ба моҳи март хос ҳастанд, барафрӯхта мешаванд. Махсусан, дар Италия анъанаҳои фасли баҳор бисёр боҳашамат гузаронида мешаванд. Аз ин рӯ, аз замонҳои қадим мардуми сарватманди итолиёвӣ дар ин рӯз ба мардуми камбизоат кумак мерасонанд. Одатан онҳо ба назди пиронсолон, барҷомондагон, бенавоён ва кӯдакон барои аёдат ва ҳолпурсӣ мераванд. Дар рӯзи таҷлили ин ид дар Италия ҳамагон либоси хоссаи идона ба бар менамоянд, ки ин нишонаи воқеии таҷлили анъанаҳои наврӯзии тоҷикон мебошад.

Иди Ҷузеппе дар Италия хеле маъруф аст. Ғайр аз камбизоатон ва ятимон дар он инчунин ба духтарони ҷавон низ барои ёфтани ҷуфти муносиб кумак ва сарпарастӣ мешавад. То имрӯз шуъбаҳои Ҷузеппе низ вуҷуд доранд, ки 19 март онҳо дар Италия ба хиёбонҳои бисёр баромада, кулчақандҳои (zepple) анъанавӣ омода месозанд.

Бояд гуфт, ки ин кулчақандҳоро дар хиёбонҳо ба ҳамагон бепул тақсим менамоянд, ки ин яке аз нишонаҳои наврӯзӣ ба шумор меравад.

Дар  Фаронсаи католикӣ ҷашни якуми фарорасии баҳор санаи муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамчун Рӯзи шамъ гузаронида мешавад. Мисли дигар давлатҳои Аврупо дар Фаронса низ ба ин муносибат маросими поксозӣ ташкил шуда, ин маросим махсусан дар қарнҳои миёна бо тантана ҷашн гирифта мешуд. Сарзамини зебоманзар ва кишвари тамаддунофари Фаронса барои аҳли башар шинос асту давоми  садсолаҳо бо доштани фарҳанги бою ғанӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Дар ин давлат низ ҳамасола анъанаҳои пешвози фасли баҳор бо шукуҳу шаҳомати ба худ хос гузаронида мешаванд.

Агар таҷлили анъанаҳои наврӯзиро дар Фаронса бо Тоҷикистон мавриди муқоиса қарор диҳем,  метавон чанд ҷашнро номбар намуд, ки ба айёми анъанаҳои наврӯзӣ рост меоянду ҳамзамон ба таҷлили ҷашни бузурги Наврӯз наздикӣ доранд. Дар Фаронса 8 март ҳамчун Рӯзи модарон ё Рӯзи бибиҳо ҷашн гирифта мешавад.


Давоми таърих фаронсавиҳо расму русум, урфу одат ва анъанаҳои миллиашонро нигоҳ доштаанд. Масалан, шамъҳое, ки дар рӯзи «Чандилак» баракат меоварданд, тамоми сол қариб дар ҳамаи хонадонҳо нигоҳ дошта мешаванд. Чунин шамъҳо баъзан дар назди дару тирезаҳо ҳамчун тӯмор бо аломати салиб гузошта мешаванд ва онҳо гӯё ба арӯсу домод баракат медиҳанд. Деҳқонони фаронсавӣ рӯзи шамъро ҳамчун яке аз муҳимтарин анъанаҳои баҳорӣ таҷлил менамуданд, зеро он мувофиқи эътиқодҳо, хеле муҳим буд. Дар бисёр минтақаҳои Фаронса корҳои кишоварзӣ маҳз дар ин айём оғоз мешаванд.

Баргузории ҷашнҳои баҳорӣ  дар қисмати ҷануби Фаронса хеле ҷолиб аст. Дар ин муддат гулҳо мешукуфанд ва онҳо ба ҷузъи муҳими ҷашн табдил меёбанд. Ҷашни баҳорӣ дар Фаронса хеле дурахшон ва маъмулӣ аст, ки мувофиқи анъана «муборизаи гулҳо» («комба де флуғ») ном дорад. Дар чунин идҳо тамошобинон дар хиёбонҳо қадам мезананд ё ба вагонҳо савор шуда, гулдастаҳои зеборо ба ҳамдигар тақдим менамоянд ё атрофро пур аз гул менамоянд. Ин ҷашне аст, ки ҳама ҷо ороста бо гул аст. Мавриди таъкид аст, ки ҷашни «муборизаи гулҳо» («комба де флуғ») ба ҷашни Наврӯзи тоҷикон «Сайри гули лола» хеле шабоҳат дорад.

Бузургтарин ҷашни наврӯзӣ барои давлатҳои Олмон, Австрия,  Швейтсария, Нидерландия ва Белгия- ин карнавал мебошад. Он як навъ ҷашнворае аст, ки дар Аврупо  мардум бо либосҳои идона ва гулҳои зиёд аспсавор дар хиёбонҳо гаштугузор менамоянд. Карнавали аврупоӣ дар Тоҷикистон ба бузкашӣ ё аспдавонӣ шабоҳат дошта, ҳатто дар ин рӯзҳо озмунҳо ташкил шуда, ғолибон бо туҳфаҳои қиматбаҳо мукофотонида мешаванд. Аз ҷумла мошин, яхдон, телевизор ва ғайра.

Дар Олмон анъанаҳои наврӯзӣ ботантана гузаронида мешаванд. Мардум дар хиёбонҳо сайругашт менамоянд. Нақлиётро ончунон бо гулҳои зиёди рангоранг оро медиҳанд, ки кас гумон мекунад, ки он аз гул сохта шуда бошад. Дар Олмон ҳангоми ҷашнҳои баҳорӣ мардум ба ҳамдигар тухмҳои рангоранг, кулчақандҳо ва харгӯшчаи зинда ҳадя менамоянд, чунки харгӯшча ба назари онҳо ҳайвони ҳалиму меҳрубон буда, таҷассуми хушбахтӣ аст.

Маросими «Ҷаҳидан аз оташ» низ дар давлатҳои Аврупо, махсусан дар Олмон анъанаҳои ба худ хос ва маънии гуногун дорад. Ҷавонон, паси ҳам якнафарӣ ё ҷуфт – духтар ва писар дасти ҳамдигарро гирифта аз болои оташи сурх меҷаҳанд. Ҷавонони ҷуфт ба умеди ҳамон сол издивоҷ намудан ва дигарон бо мақсади халос шудан аз ягон беморӣ ва ғайра онро анҷом медиҳанд. Дар баъзе манотиқи Тоҷикистон низ маросими «ҷаҳидан аз болои оташ» то ҳол вуҷуд дорад, ки дар рӯзҳои наздикшавии ҷашни бузурги ниёгон – Наврӯз анҷом дода мешавад. Мардум дар ҳоле, ки аз болои оташ мепаранд, мисраъҳои шеърии «Сурхии рӯятро бидеҳ, зардии рӯямро бигир»-ро замзама менамоянд.

Дар Олмон ҷавонон ба ҳамдигар об мепошанд, ки ин рамзи асосии ҷашни наврӯзӣ ва зебоиву солимӣ ба ҳисоб меравад. Ба рӯйи хонумонашон об мепошанд, то ки онҳо насли солим ба дунё оранд, зеро об сарчашмаи зиндагӣ мебошад. Ҳамчунин об неъмати зинда буда, намӣ ва таровати пӯсти занонро нигоҳ медорад.

Хулоса, аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки қариб дар ҳамаи давлатҳои Аврупо анъанаҳои баҳорӣ ва Наврӯз ба таври гуногун баргузор мегарданд, ки бештари онҳо ба  анъанаҳои наврӯзии мамлакати мо шабоҳат доранд. Анъанаҳои пеш аз наврӯзӣ низ қариб як хел ҷашн гирифта мешаванд. Аз сабзазоркунӣ шуруъ гардида, то  обпошӣ ва аз болои оташ ҷаҳидан анъанаҳои фарҳангие ҳастанд, ки дар мамлакати мо низ ба таври густурда дар  фасли баҳор анҷом дода мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 23, 2024 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор мегарданд
НИГОҲЕ БА САНЪАТИ МУСИҚӢ. Ҳамоиши илмию адабӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
То ҷашни Наврӯз муассисаҳои фарҳангии таъмирталаби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозӣ мешаванд
Дар Душанбе оид ба назария ва амалияи санъат ва дизайн конференсия доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Волидон ва омӯзгорони ғолибони озмун бо нишони «Аълочии маориф ва илм» ва «Маърифатпарвар» сарфароз гардонида шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мегарданд
Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд