ШОҲҶОИЗА- ЭЛЕКТРОМОБИЛ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаҳои варзишӣ ҷамъбаст шуданд
ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштин бахшида ба иди Наврӯз барои дарёфти Шоҳҷоизаи раиси вилоят — электромобил баргузор гардид, ки он насиби варзишгар аз вилояти Хатлон Шарифҷон Назриев гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилоят хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат тантанаҳои идонаи наврӯзӣ идома доранд ва дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон мардуми тамаддунофар ва фарҳангсолори тоҷик кӯшиш менамояд, ки урфу одат, расму русум ва анъанаҳои неки ин оини бостониро анҷом диҳад.
Яке аз оинҳои наврӯзӣ- ин бозиҳо ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ мебошанд, ки аз мавҷудияти тарзи ҳаёти солими ниёгони пуршарафи мо гувоҳӣ медиҳанд. Ин анъанаи воло то замони соҳибистиқлолӣ расида, давоми 33 соли мавҷудияти давлатдории навини тоҷикон ба таҳкими тарзи ҳаёти солим ва равнақи соҳаи варзиш таҳти сиёсати ҷавонпарварона ва варзишдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурит Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзалияти калон дода шуда, равнақи он сиёсати стратегӣ ба шумор меравад.
Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ, тавсеа ва густариши варзиш, ҷалби ҳарчӣ бештари варзишгарон ба мусобиқаҳо ва эҳёю тарғиби бозиҳои миллӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Зимнан, бояд гуфт, ки дар маъракаи идона баробари гӯштини миллӣ ҳамчунин дигар бозиҳои миллии аҷдодиямон баргузор шуданд.
Дар ин мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштин барои дарёфти Шоҳҷоизаи раиси вилоят зиёда аз 150 паҳлавони шинохта, ба монанди Шарифҷон Назриев, Шакармамад Мирмамадов, Фирдавс Насимов, Ҳақназар Назаров, Баҳром Суфиев, Умар Расулов, Қоим Шукронов ва Ҷонона Назарова аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ҳарифонашон ҳунар ва маҳорати арзанда нишон дода, ғолиби мусобиқа гардиданд. Барои Шоҳҷоизаи раиси вилоят – электромобил ду паҳлавони шинохта- Шарифҷон Назриев аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳаммадкарим Хурамов аз Ҷумҳурии Узбекистон байни ҳам рақобат намуда, дар ниҳоят паҳлавони тоҷик Шарифҷон Назриев ғолиб омада, сазовори Шоҳҷоиза- мошини электромобил гардид.


Ғолибоне, ки дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштин сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили телевизор, яхдон, қутос ва барзаговҳои калон қадрдонӣ шуданд.
Дар баробари гӯштин дар шаҳри Хоруғ дигар мусобиқаҳои варзишӣ- волейбол, вазнбардорӣ, бандкашӣ, дав ба масофаи 5 километр, дав байни занон ва кабкҷангу хурӯсҷанг баргузор гардиданд, ки ғолибон бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол дастаи ноҳияи Шуғнон ҷойи якум, дастаи ноҳияи Рӯшон ҷойи дуюм ва дастаи водии Бартанг сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди арғамчинкашӣ ҷойи якумро шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят, ҷойи дуюмро ноҳияи Роштқалъа ва ҷойи сеюмро дастаи таъйиноти махсуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят соҳиб гардиданд.
Ғолибони ин мусобиқаҳои варзишӣ низ бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






