ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 март, чоршанбе, 87-умин рӯзи соли 2024 аст

Март 27, 2024 08:00

27 марти соли 1992 Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис дода шуд.

***

27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи Котиби иҷроияи вақти  Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид Андрей Василев масоили гуногуни ҳамкории бисёрпаҳлуи Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

***

 27 марти соли 2014 аввалин маротиба дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистон ва Кувайт ба муносибати  ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо дастаи Малдив бо ҳисоби 2:0 ғалаба ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар шаҳри  Душанбе №4 баргузор шуд. Пас аз анҷоми овоздиҳӣ Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи интихоботро  эълон намуд. Дар натиҷа  ба тарафдории номзад Рустами Эмомалӣ-Раиси шаҳри Душанбе 217 шумораи овозҳои вакилони интихобкунанда дода шуд.

***

27 марти соли 2023 дар Хоруғ хизматрасонии автобусҳои нав бо нархи дастрас ба мардум оғоз гардид.

27 МАРТ:

Рӯзи байналмилалии театр.

Март 27, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш