Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 25.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 25 март Сайид Умари Маъсум – ҳунарманди волосалиқа ва ҳайкалтароши маъруфи тоҷик, ки дар Олмон кору сукунат дорад, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз маҳсулҳои ҳунари волои худ – тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шахсан тақдим намуд.
Ин ҳунарманди хушсалиқаи тоҷик, ки солиёни дароз дар Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ кору зиндагӣ мекунад, бо нимпайкара, ҳайкали комил ва тандису дигар ҳунарҳои зебои худ симои бисёре аз сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонро таҷассум намуда, чанде пеш бо ташаббусу ибтикори шахсии хеш тасмим гирифтааст, ки симои Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро офарида, шахсан тақдим намояд.
Тавре ки Сайид Умари Маъсум худ баён медорад, солҳои зиёд ӯ орзу доштааст, ки бо ҳунари волояш ба Тоҷикистону мардуми фарҳангсолори тоҷик хизмат намояд ва имрӯз зимни суҳбат бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои кору эҷод дар Тоҷикистон гуфтугӯ карда, ба оғози ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






