ТАШАББУСИ ГЛОБАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Давлати мо пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон мебошад

Март 3, 2024 14:45

ДУШАНБЕ, 03.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон буда, бо амалӣ намудани ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим дар ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор ва пешсаф эътироф гардидааст.  

Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ҷонибдории 153 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дастгирӣ ёфта, моҳи декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардид. Инчунин мутобиқи ин қатънома Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимод ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад. Масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати беҳдоштӣ аз чунин ташаббусҳо ба ҳисоб мераванд.

Соли 2009 дар Копенгаген тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим, инчунин дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Фаронса, Швейтсария, Амрико ва моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад сабаби оқибатҳои манфӣ гардад. Аз ҷумла, таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши пиряхҳо ва қабати барф дар сатҳи ҷаҳонӣ, махсусан дар минтақаи кӯҳсор мебошад.

Афзоиши аҳолӣ, раванди шаҳришавӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйироти иқлим, инчунин дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар кишварҳои оламро барои ҳамкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, махсусан ташаббуси марбут ба ҳифзи пиряхҳо водор менамояд.Тоҷикистон давлати дорои захираҳои обӣ буда, дар он 14 000 пирях сабт шудааст, ки дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз ҳазор адади онҳо пурра аз байн рафт. Масоҳати умумии пиряхҳо тақрибан 8500 км2 буда, қариб 6 фоизи ҳудуди мамлакатро ташкил медиҳанд ва дар баландиҳои аз 3500 то 7495 метр ҷойгир мебошанд. Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи яке аз сарчашмаҳои оби ошомиданӣ буда, ҳифзи онҳо на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақа ва ҷаҳон нақши бениҳоят муҳим дорад. Зеро дар саросари ҷаҳон зиёда аз 200 000 пирях мавҷуд аст, ки 10 фоизи сатҳи Заминро фаро гирифта, 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ маҳз аз пиряхҳо ва захираҳои обии Тоҷикистон маншаъ мегиранд.

Бузургтарин пиряхи ҷаҳон воқеъ дар хушкӣ – Ванҷях буда, дар Тоҷикистон воқеъ аст. Масоҳаташ 156 км2, дарозиаш 77 км, паҳноиаш аз 1,5 то 3 км ва ғафсиаш аз 700 то 1000 метр аст. Давоми тақрибан як асри охир ин пирях бештар аз 1 км ақиб рафта, масоҳати он то 44 км2 ва ҳаҷмаш 15 км3 ихтисор гардидааст ва суръати миёнаи ақибравии нӯгаш дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад. То имрӯз ҳаҷми ин пиряхи бузургтарин ва дигар пиряхҳои Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳоле аст, ки  дарёҳои калонтарини Тоҷикистон -Вахш, Зарафшон, Панҷ ва ду дарёи асосии Осиёи Миёна -Амударё ва Сирдарё аз ин пиряхҳо ғизо мегиранд. Ва маҳз барои омӯзиши пиряхҳо ва андешидани тадбирҳо барои ҳифзи онҳо дар Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд.


Обшавии пиряхҳо яке аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим буда, ҳоло ҳарорати миёнаи Замин тақрибан ба 15° расидааст ва ин баландтарин дониста мешавад. Дар асоси маълумоти Хадамоти Иттиҳоди Аврупо оид ба тағйирёбии иқлим Copernicus (C3S) дар таърихи мушоҳидаҳо аз соли 1850 инҷониб соли 2023 расман гармтарин сол сабт шуд, ки нисбат ба солҳои 1850-1900 сайёра 1,48° С гармтар буд. Натиҷаҳои гармшавии ҳарорати ҳаво дар соли 2023 чунин мебошанд:

1. Баландшавии ҳарорат дар кӯҳҳои Алпи Швейтсария боиси қисман боздоштани кори истироҳатгоҳҳои лижаронии кӯҳӣ гардид. Ҳаво дар деҳаи Лезен дар моҳи январ то 20 0С гарм шуд.

2. Сӯхторҳои Гавайя, ки дар шароити шамоли шадид ва хушксолӣ сар заданд, дар 100 соли охир дар таърихи Амрико марговартарин буда, ҳадди ақалл дар онҳо  97 нафар ба ҳалокат расид.

3. Дар охири моҳи июл пас аз тӯфони «Доксури» дар Чин борони шадиде борид, ки дар 140 соли охир беназир буда, зиёда аз 1 миллион нафар маҷбур шуданд, ки тарки манзил намоянд. Пеш аз тӯфон гармии рекордӣ ба амал омада, ҳарорат дар яке аз шаҳрҳои шимолу ғарби Чин то 52 0 С боло рафта буд.

4. Моҳи апрел обанбори Серра-Бойер дар ҷануби Испания, ки барои даҳҳо ҳазор сокинони маҳаллӣ манбаи оби нӯшокӣ буд, аз сабаби гармии ғайримуқаррарӣ хушк шуд.

5. Гармии ғайримуқаррарии тобистон дар Аврупо обшавии пиряхҳо, аз ҷумла пиряхи «Рутор» дар Валлед-Аостаи Италияро суръат бахшид.

6. Аз сабаби гармӣ ва бориши нокифоя оби кӯли «Титикака» дар марзи Перу ва Боливия – бузургтарин кӯли Амрикои Ҷанубӣ ва баландтарин кӯли киштигузар дар ҷаҳон кам шуд. Танҳо аз моҳи апрел то ноябр сатҳи об беш аз 70 сантиметр паст шуд.

7. Дар охири моҳи сентябр дар кӯли «Тефе»-и Бразилия 120 делфини амазонкагӣ дар ҳолати мурда пайдо шуд. Ба ақидаи олимон, сабаби марги онҳо метавонад гарм шудани об то 39 0 С бошад.

8. Дар ин сол дар кишварҳои гуногун рекорди ҳарорати ҳаво сабт шудааст: дар Марокаш 500 С, дар Испания, Юнон, Италия 450 С, дар Екатеринбурги Русия 400 С. Дар шаҳри Финикси иёлоти Аризонаи Амрико 31 рӯз пай дар пай гармӣ аз 430 дараҷа болотар буд.

9. Дар натиҷаи садҳо сӯхтор дар Канада (шумораи рекордии ҷангал – 18,5 миллион гектар) дуд ба шаҳрҳои Амрико,  аз ҷумла Ню-Йорк расид, ки осмонаш ранги норинҷӣ гирифт. Тағйирёбии иқлим ва баланд шудани ҳарорати ҳаво ба пиряхҳо бе таъсир намонда,  солҳои охир дар натиҷаи ин раванд обшавии пиряхҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар қитъаи Аврупо низ мушоҳида мегардад. Аз ҷумла, Исландия, ки маънои «Кишвари яхҳо»-ро дорад, моҳи августи соли 2019 расман пиряхи Окйокули худро «дафн» намуд. Исландиҳо дар ҷои ин пирях лавҳаи ёдгорӣ гузошта, дар он барои наслҳои баъдӣ чунин навиштанд: «Мо медонем, ки чӣ рӯй медиҳад ва чӣ бояд намуд. Танҳо шумо хоҳед донист, ки оё мо муваффақ шудем».

Дар Швейтсария низ тибқи пешгӯиҳои олимон пиряхҳои Алп то соли 2050  50 фоиз коҳиш меёбанд ва то охири аср тақрибан аз 4000 пирях 2667 адади он об мешавад. Ҳатто пиряхи Алеч, ки бузургтарину тӯлонитарин дар Аврупо мебошаду дар Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ҷойгир аст, метавонад аз байн равад. Тибқи таҳқиқоти нави олимони донишгоҳи Копенгаген, ки дар маҷаллаи  «Nature Climate Change» нашр шудааст, пиряхҳои Гренландия бо суръати бениҳоят баланд об шуда истодаанд. Дар баъзе ҷойҳо дар 20 соли охир суръати обшавӣ 5 маротиба афзудааст. Дар қитъаи Осиё низ обшавии пиряхҳо сабт шудааст. Аз соли 1975 то соли 2019 пиряхҳои Ҳимолой аз чор як ҳиссаи массаашонро аз даст доданд ва ин раванд идома дорад. Қуллаҳои баландтарини кӯҳҳо то ҳол бо барф ва пирях пӯшонида шудаанд, аммо дар баландии аз 5000 то 5500 метр аллакай растаниҳо пайдо шудаанд, ки пештар ин аз сабаби ҳарорати паст ғайриимкон ҳисобида мешуд. Дар робита ба ин, олимон пешгӯӣ менамоянд, ки то соли 2100 дар Ҳимолой аз сеяк то нисфи тамоми пиряхҳо нопадид мешаванд. Пиряхҳои Ҳимолой ҳафт дарёи бузурги Осиё ва ба ин васила 2 миллиард аҳолии минтақаро бо об таъмин мекунанд. Об шудани онҳо боиси норасоии об дар Ҳиндустон, Чин, Бангладеш, Покистон ва дигар кишварҳо мегардад.

Дар зимн, ба таври назаррас кишоварзӣ низ коҳиш меёбад, зеро бе об парвариши биринҷ, гандум ва найшакар душвор мешавад. Об шудани пиряхҳо ба обхезӣ ва хисороти зиёд дар маҳалҳои аҳолинишин оварда мерасонад. Дар Аргентина пиряхҳо ҳамчун дороии миллӣ эътироф шуда, тамоми фаъолияти марбут ба пиряхҳо қатъиян танзим ва ҳамаи пиряхҳо ба боғҳои миллӣ дохил мешаванд. Дар асоси ин маълумот аён мегардад, ки тақрибан дар ҳама қитъаҳои олам пиряхҳои кӯҳӣ мавҷуд буда, омӯзиш ва ҳифзи онҳо хеле муҳим мебошад. Чаро? Зеро онҳо бевосита ба ҳаёти одамон таъсир мерасонанд. Масалан, дар кӯҳҳои Қафқозу Алп ва дар минтақаҳои Помиру Тян-Шон одамони зиёд зиндагӣ менамоянд, инчунин аксуламали пиряхҳои кӯҳӣ ба тағйирёбии иқлим хеле зуд мебошад.


Дар баробари обшавии пиряхҳои минтақаҳои кӯҳӣ– ин раванд дар Арктика ва Антарктида низ ба чашм мерасад, ки боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад. Арктика дар нимкураи шимолӣ дар ҳудуди ҳашт давлат паҳн шудааст, ки онҳо мунтазам дар Шурои Арктика ҷамъ омада, стратегияҳои ҳифзи минтақаро таҳия менамоянд. Аммо вазъи ин пиряхҳо ҳанӯз ҳам ташвишовар аст, зеро онҳо ҳатто зудтар аз пешгӯии олимон об мешаванд. Гармшавии глобалӣ боиси гармшавӣ ва кушода шудани ҳатто пиряхҳои доимии Арктика—қисми қабати болоии қишри Замин гардидааст, ки одатан ҳеҷ гоҳ набояд об шаванд. Ба андешаи мутахассисон, ҳатто каме обшавии пиряхҳо дар Арктика гардиши уқёнус ва атмосфераро тағйир медиҳад ва мо оқибатҳои онро эҳсос мекунем. Аз ҷумла, моҳи июли соли 2019 дар Фаронса одамон аз гармии ғайримуқаррарӣ азият кашиданд, дар ҳоле, ки дар баъзе минтақаҳои Русия мардум палто пӯшида буданд.

Антарктида минтақаи қутбӣ-ҷанубии Замин аст, ки дар ин ҷо пиряхҳо ҳатто аз Гренландия зиёдтар мебошанд ва обшавии онҳо ба баландшавии сатҳи об дар уқёнусҳои ҷаҳонӣ таҳдид менамояд. Ба пиряхи Туэйтсии Антарктида номҳои «Муҳимтарин дар ҷаҳон», «Хатарноктарин» ва «Пиряхи рӯзи қиёмат» низ гузоштаанд, ки андозаи он тақрибан ба масоҳати Британия баробар аст. Таҳқиқоти соли 2020 нишон дод, ки обшавии он аллакай ҳар сол боиси болоравии сатҳи уқёнусҳои ҷаҳон мешавад. Чунончи, дар аввали соли 2020 Бетет ва Гундул- ду ҷазираи Индонезия ғарқ шуданд. Инчунин ҷазираҳои Бурунг, Калонг, Салах Нама ва Крамат зери хатари нобудшавӣ қарор доранд. Агар тадбирҳои фаврӣ андешида нашаванд, пас тамоми қаламрави Тувалу, Науру, Кирибати ва 80%-и Малдив низ зери об мемонанд. Аз гармшавии Антарктида олами ҳайвонот, пеш аз ҳама, пингвинҳо низ зарар мебинанд.

Созмони ҷаҳонии метеорологӣ дар таҳқиқоти «Вазъи иқлими ҷаҳонӣ дар соли 2022» оид ба афзоиши бесобиқаи консентратсияи се гази асосии гармхонаӣ — гази карбон, метан ва оксиди нитроген дар атмосфераи Замин гуфта буд, ки онҳо боиси гармшавии сайёра мегарданд. Баландшавии ҳарорат ба обшавии пиряхҳо оварда мерасонад. Намунаи равшани он оморе мебошад, ки дар асоси он ҳамарӯза дар ҷаҳон зиёда аз 1 миллион тонна ях об мешавад. Барои муқоиса- айсберге, ки киштии «Титаник»-ро шаби 15 апрели соли 1912 дар уқёнуси Атлантика ғарқ кардааст, ҳамагӣ 75 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад.

Бинобар моҳияти пиряхҳо барои ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳама минтақаҳои ҷаҳон обшавии онҳо барои тамоми мардуми дунё боиси нигаронӣ аст. Чунки дар натиҷаи ин раванд баландшавии сатҳи оби уқёнусҳо мушоҳида мегардад ва он ба некуаҳволии садҳо миллион сокинони Замин таҳдид менамояд.

Дар саросари ҷаҳон кам шудани масоҳати пиряхҳо ба мавҷудияти манбаъҳои устувори оби тоза, мавҷудияти экосистемаҳои кӯҳӣ, истифодаи минтақаҳои аҳолинишин ва дар оянда ба сатҳи оби уқёнусҳо таъсири бештар мерасонад. Оқибати тағйирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон ин аст, ки офатҳои табиӣ ва обу ҳавои номусоид торафт бештар рух медиҳанд. Барои дидани оқибатҳои гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлим моро зарур нест, ки даҳҳо сол интизор шавем, зеро мо аллакай шоҳиди тӯфонҳо дар  Амрико, сӯхторҳои ҷангал дар Сибиру Австралия, бориши барф дар фаслҳои баҳору тобистон, хушксолӣ ва амсоли инҳо мебошем.

Пешвои миллат дар чорабинии канории «Амалҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо» моҳи декабри соли 2023 дар Аморати Муттаҳидаи Араб таъкид намуданд, ки масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар рӯзномаи саммитҳои калон ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ аз мавзуъҳои доимӣ ва меҳварӣ  бояд бошад. Инчунин пешниҳод намуданд, ки бо мақсади арзёбии дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои минтақа омӯзиши ҳамаҷониба ва мониторинги онҳо амалӣ шавад.

Соли 2025 дар Душанбе Конфронси СММ оид ба пиряхҳо баргузор мегардад, ки заминаи муҳимеро барои татбиқи ҳадафҳои зарурӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам меорад. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин конфронс Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба иброз намуда, кишварҳои аъзои СММ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ба  ҳамкорӣ даъват намудааст.

22 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» иброз намуда буданд, ки «ҳадафи пешниҳоди эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо барои андешидани тадбирҳои қатъӣ барои коҳиши ин раванд, устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад».

Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, ҳоло тақрибан 800 миллион аҳолии сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ ва 2,5 миллиард аҳолӣ бо шароити кофии беҳдошт таъмин нестанд. Хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба ҳаёти беш аз 1,2 миллиард одам таҳдид менамояд. Тибқи пешбинии Созмони Милали Муттаҳид, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 аз 9 миллиард нафар зиёд мешавад. Ин боиси афзоиши истеъмоли об мегардад. Агар таъсири тағйирёбии иқлим ҳамин хел идома ёбад, 50 фоизи аҳолии кураи Замин бо мушкилоти норасоии об рӯ ба рӯ мегардад.

Мушкилоти дигари вобаста ба об дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани ҳамкории байнидавлатӣ оид ба истифодаи обҳои фаромарзӣ мебошад. Ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ 45 фоизи қисмати хушкии дунёро фаро гирифта, дар ҳудуди онҳо зиёда аз 40 фоизи аҳолӣ зиндагӣ менамояд. Дар ин минтақаҳо 145 кишвари дунё ҷойгир буда, бе ҳамкории зич ҳалли масъалаҳои марбут ба об ва дар ин замина таъмини сатҳу сифати муносиби зиндагӣ барои аҳолии онҳо мушкил мегардад.

Ташаббуси Тоҷикистон марбут ба ҳифзи пиряхҳо ва об бо ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа метавонад барои тамоми давлатҳои сайёра манфиатовар бошад.

Дар натиҷаи омӯзишу таҳлилҳо бармеояд, ки раванди босуръат об шудани пиряхҳо дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон аз ҷумла, дар минтақаҳои кӯҳӣ мушоҳида гардида, ба яке аз сарчашмаҳои оби ошомиданӣ зарари ниҳоят калон мерасонад.

Татбиқи пурсамари ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  талошҳои якҷояи Ҳукумати мамлакат ва ҷомеаи ҷаҳон, ки дар самти ҳифзи пиряхҳо гирифта мешаванд, самараи дилхоҳ медиҳанд ва ба ташаккули механизми ҳамкорӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин ба таъмини ояндаи беҳтар, солимтару бехатари инсоният ва сайёра мусоидат менамоянд. Татбиқи он ба ҳаёти миллионҳо сокинони сайёра беҳбудӣ меорад. Ҳамзамон ин ташаббус дар ҳамбастагӣ бо дигар иқдоми  ҷаҳонии марбут ба об мавқеи пешбарандаи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои обу ҳифзи пиряхҳо инъикос менамояд.

Фаридун КЕНҶАЕВ,
сардори шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгории
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

АКС аз манбаъҳои боз

Март 3, 2024 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон