Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
ДУШАНБЕ, 25.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба амали террористие, ки 22 март дар Маҷмааи «Крокус Сити Холл» содир шуда буд, дар китоби таъзия аз номи Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзо изҳори ҳамдардӣ навишт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суҳбат бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорйев таъкид намуд, ки Тоҷикистон қотеона ба терроризму ифротгароӣ дар якҷоягӣ бо Русия ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бурда, пайваста ин зуҳуроти номатлуби асрро маҳкум менамояд.
Мардуми Тоҷикистон ба андуҳи мардуми Русия ҳамроҳ буда, ба осебдидагон шифои комил орзу менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»









Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






