Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонии бозори меҳнат тавсеа медиҳанд

Март 4, 2024 11:39

ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва  шуғли аҳолии мамлакат Қиёмиддин Давлатзода ба Ҷумҳурии Озарбойҷон масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи бозори меҳнат бо Ҷумҳурии Озарбойҷон баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи сафари ҳайати Вазорати меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ба Озарбойҷон шиносоӣ ва омӯзиши бозори меҳнати Ҷумҳурии Озарбойҷон буд.

Дар доираи сафар вохӯрии ҳайати кории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Озарбойҷон, муовини вазири меҳнат, раиси Агентии давлатии шуғли аҳолии назди Вазорати  меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии  Ҷумҳурии Озарбойҷон, директори Маркази навовариҳои рақамии «DOST», раиси Нозироти меҳнат ва маркази навовариҳои рақамии Озарбойҷон доир шуда, масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонии бозори меҳнат муҳокима шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии  Озарбойҷон

Март 4, 2024 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд