Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam-2024» оид ба ҷудо 9 варзишгар муаррифӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 12.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam-2024» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамояд. Мусобиқа аз 22 то 24 март бо иштироки 428 ҷудочӣ аз 75 давлати ҷаҳон баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 9 варзишгар, аз ҷумла Аҳлия Муъминова дар вазни то 52кг, Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Ҳақдод Гулов, ҳарду дар вазни то 60кг, Обид Ҷебов дар вазни то 66кг, Абубакр Шеров дар вазни то 73кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов ва Абубакри Акобир, ҳарду дар вазни то 100кг муаррифӣ менамояд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд






