Тоҷикон Наврӯзро аз замонҳои қадим бо дилу нияти нек, яъне бо ботини тоза истиқбол мегирифтанд
ДУШАНБЕ, 31.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми мо аз замонҳои қадим Наврӯз, яъне ҷашни сари солро, пеш аз ҳама, бо дилу нияти нек, яъне бо ботини тоза, сипас, бо зоҳири ороста, яъне сарулибоси тозаву озода истиқбол мегирифтанд ва ҳамеша умед доштанд, ки қадами соли нав бо файзу баракат мешавад.
Ин суханонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе баён доштанд. Президенти мамлакат такид намуданд, ки хушбахтона, ин русуми хуби наврӯзӣ ҳоло низ дар сарзамини биҳиштосои мо ривоҷи тоза пайдо намудааст.
Ҳамзамон Пешвои миллат изҳор намуданд, ки «мо бояд пайваста кӯшиш намоем, ки хонаву кошона, маҳалли зист ва ҷойи корамонро ҳамеша ороставу зебо нигоҳ дорем, зебоипарастӣ, озодагиву тозакорӣ ва ободониро ба одати доимии хурду бузурги мамлакат табдил диҳем, то ин ки тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азизи мо дар ҳамаи фаслҳои сол ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёбад ва ҳар рӯзи Тоҷикистон мисли Наврӯз бошад».
Бояд гуфт, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии мардумони ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла тоҷикон буда, тибқи асотири ниёгон, нахустин шоҳи олам Каюмарс дар ин рӯз ба тахти шоҳӣ нишастааст. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчунин бунёд гузоштани Наврӯз ва муайян намудани сари соли нав ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода шудааст. Наврӯз – рӯзи падид омадани равшанӣ, ғалабаи некӣ бар бадӣ, аз қалбҳо берун намудани кинаву адоват ва бахшидани гуноҳи ҳамдигар, эҳёи табиат, поёни сардиҳо ва оғози меҳру гармӣ ва фаровонию баракот аст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли 2010 бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон ва давлатҳои ҳавзаи Наврӯз иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон намудани Наврӯз қатънома қабул намуд.
Ҳоло Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфта, дар саросари олам таҷлил мегардад.
АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дар рушди технологияҳои инноватсионӣ ва идоракунии оқилонаи захираҳои обу энергия нақши бунёдӣ доранд
ЧОРМАҒЗПАРВАРӢ. Иқлими Тоҷикистон барои парвариши чормағз ва чӯби босифат созгор мебошад
Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе дар соҳибкасб намудани ҷавонон саҳми арзанда мегузорад
«ТОҶИКИСТОН, САРЗАМИНИ НАНГУ ОРИ МОСТ! ». Миллати тоҷик 40-солагии Истиқлолияти давлатиро бо ободкориҳои бемисл таҷлил менамояд
Илм ва инноватсия – омили муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Моҳи ноябр барои қаламча намудани гули садбарг мавсими мувофиқ аст
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Кодекси экологии Тоҷикистон барои таҳкими ҳифзи муҳити зист заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад
МАВСИМИ АНОР ДАР ТОҶИКИСТОН. Маълумоти муфассал дар хусуси фоидаҳои ин мева
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд






