Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наврӯзро бо барномаи рангину намоиши анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд

Март 19, 2024 16:16

ДУШАНБЕ, 19.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо тантана оғоз гардид. Устодону донишҷӯёни донишгоҳ ин ҷашнро бо барномаи рангину савту навои дилнавоз ва намоиши анъанаҳои наврӯзӣ истиқбол намуданд.

Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки ойину суннатҳои Наврӯз ба андозае зебову ҷаззоб, саршори ормонҳои наҷиб ва мардумиву заминӣ мебошанд, ки давоми садсолаҳо аз ҷониби бисёр халқу миллатҳои дигар пазируфта шуда, ба рукни фарҳанги онҳо табдил ёфтаанд ва ҳамчун иди миллии бисёр мардумони минтақа ва ҷаҳон ҷашн гирифта мешаванд.

Зимни маҳфили идона аз ҷониби раёсату факултетҳои донишгоҳ дастовардҳои илмиву эҷодии устодону донишҷӯён ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ намоиш дода шуда, инчунин дар саҳни донишгоҳ равзаҳои махсус оид ба таърихи Наврӯз, таому бозиҳои миллӣ ва дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ манзури ҳозирин гардонида шуданд.

Ҳамзамон дар барномаи идона санъаткорони маъруфи мамлакат ва дастаи ҳунарии донишгоҳ бо суруду рақс ва таронаҳои наврӯзӣ хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 19, 2024 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид