Вазъи кунунии фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунии фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат зимни вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо соҳибкорони ватанӣ баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи вохӯрӣ баррасии нақшаҳои кумита дар самти ҷалби сармоя вар рушди соҳибкорӣ дар мамлакат буд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба мушкилиҳои соҳибкорон дар самти фаъолияти онҳо, низоми фаъолияти ассотсиатсияҳо бо ширкатҳои ватанӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва дигар масъалаҳо муҳокима гардиданд.
Аз ҷониби раиси кумита баҳри беҳтар намудани фаъолияти соҳибкорон пешниҳодҳои зарурӣ дар самти таҳияи бизнес -нақшаҳо, рақамикунонии фаъолияти ширкатҳои ватанӣ ва густариши ҳамкорӣ байни кумита ва соҳибкорони ватанӣ манзур гардид.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд






