Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии тандурустӣ дар Эрон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 09.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин Конференсияи байналмилалии «Пӯшиши ҳамагонии саломат бо барномаи саломатии хонавода ва низоми ирҷоъи электронӣ» баргузор гардид, ки дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мақсад аз баргузории конференсия шиносоии давлатҳо бо барномаи саломатии хонавода ва ирҷоъи электонӣ (Family Health Program: FHP), табодули таҷрибаи давлатҳо бо якдигар ва баҳрамандӣ аз назарҳои техникӣ ва касбии мутахассисони варзидаи ин соҳа арзёбӣ гардид.
Дар конференсия панҷ масъала: саломатии хонавода ва якҷо намудани омӯзиши тиббӣ ва низоми саломат, саломатии хонавода ва тақвияти шабакаи беҳдошт ва дармон, саломатии хонавода ва мардумисозии низоми саломат, саломатии хонавода ва омилҳои иҷтимоии таъсиргузор бар саломат ва саломатии хонавода ва саломати электронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар доираи иштирок дар ин конференсияи сатҳи баланд Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон Баҳром Айнуллоҳӣ вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкории ду давлати дӯсту бародар дар соҳаи тандурустӣ гуфтугӯи созанда анҷом дода, ҷиҳати густариши ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногуни соҳа, аз ҷумла табодули таҷрибаи табибони тоҷик дар ин мамлакат дар самти ворид намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, коркарди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дигар самтҳои таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳамзамон дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо якчанд муассисаи таълимию тиббии Эрон шинос шуда, бо роҳбарияти онҳо барои ҳамкорӣ байни муассисаҳои соҳавии ду давлат суҳбат намуд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






