ЗАН-МОДАР — ТАРБИЯТГАРИ АВЛОДИ БАШАР. Дар вилояти Суғд Рӯзи Модарро ботантана ҷашн гирифтанд

Март 7, 2024 15:15

ДУШАНБЕ, 07.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар дар Қасри маданияти Арбоб маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 700 нафар занони гуногункасб иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  ба тамоми занон-модарон, духтарони некбахти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳозирин хушбахтиву иқболи нек, толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда таманно намуд.

Иброз гардид, ки дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукуҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишони эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба модарону занон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи эҳтироми Зан – Модар таваҷҷуҳ намуда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Нақши занону духтарон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ намудани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст».

  «Мо ифтихор дорем, ки имрӯз модарон ва занону духтарони  тоҷик дар ҷомеа мавқеи устувор доранд, дар пешрафти давлат саҳми босазо мегузоранд ва мо ба неруву ташаббуси онҳо ҳамеша эътимод дорем. Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти вилоят қарор дорад»,-таъкид гардид дар ҳамоиш.


Гуфта шуд, ки аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 186 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 650 нафар вакили халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд ва ин нисбат ба давраи гузаштаи интихобот зиёд мебошад. Ҳамзамон аз ҳисоби занон 1 нафар муовини Раиси вилоят, 1 нафар роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, 2 нафар раиси шаҳр, 16 нафар муовини раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд, ки онҳо дар татбиқи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафмандона фаъолият мебаранд.

Иброз гардид, ки занону духтарони вилоят таҳти сиёсати созандаи Президенти мамлакат баробари иҷрои рисолати модарӣ, яъне тарбияи насли ояндасоз баҳри пешрафту ободии диёри маҳбубамон ҳамчун сиёсатмадору олим, роҳбару эҷодкор, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар ва коршиносу соҳибкори муваффақ фаъолияти босамар доранд.

Изҳори боварӣ шуд, ки занони арҷманди тоҷик минбаъд низ дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватани маҳбубамон нақши шоиста мегузоранд.

Дар барномаи рангини консертие, ки аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят пешниҳод шуд, бузургии Зан-Модар ва зебоиҳои Ватани соҳибистиқлоламон васф гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 7, 2024 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид