1 АПРЕЛ -РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПАРАНДАГОН. Дар Тоҷикистон фохтак парандаи соли 2024 интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон зиёда аз 400 намуди парандагонро вохӯрдан мумкин аст, ки беш аз 180 намуди онро парандагони муқимӣ ва зиёда аз 200 намудро парандаҳои кӯчанда ё мусофир ташкил медиҳанд.
1 апрел дар тақвим чун Рӯзи байналмилалии парандагон (International Bird Day) сабт гардидааст. Ҳадафи ин рӯз ҳифзи гуногунии намудҳои парандагон ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба нигоҳдории онҳо мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд, 43 намуди парандагон, аз қабили лаклаки сафед, шоҳин, лочин, бургут, мурғи тазарв, мурғи ҳумо, дуғдоғ ва ғайра дар Тоҷикистон ҳамчун парандагони нодир ва зери тахдиди маҳвшавӣ қарордошта ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд.
Дар шароити табиии Тоҷикистон макони асосии сукунати парандагон асосан минтақаҳои кӯҳӣ, даштҳо, ҷангалзор, биёбонҳо, марғзор, кӯлу дарёҳо, обанборҳо ва маҳалҳои аҳолинишин мебошанд. Парандагон гурӯҳи муташаккил ва аз нуқтаи назари эволютсия пешрафтаи олами ҳайвонот буда, дар тамоми минтақаҳои дунё паҳн шудаанд, ки беш аз 10 ҳазор намудро ташкил медиҳанд.
Парандагон ба одамон омадани фасли баҳорро пештар аз тақвим ё ҳавои берун аз тирезаи хона мерасонанд. Субҳи барвақт мо аллакай садои хушу руҳнавози парандагони хушилҳонро мешунавем. Рӯзи парандагон ҳамчун иди экологӣ ба мушкилоти парандагон бахшида шудааст.
Ҳамасола Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Имсол фохтак парандаи соли 2024 интихоб гардид. Фохтак парандаи андозааш миёна буда, ба оилаи кабӯтарҳо мансуб мебошад. Дарозии бадани ин паранда то ба 26-29 см мерасад ва 180-300 грамм вазн дорад. Парҳои болоии қаноти фохтак тобиши қаҳваранг дошта, парҳои маҳини гардан ва қафаси синаро ранги норинҷӣ оро медиҳад. Яке аз аломатҳои хоси фохтак мавҷудияти рахҳои сиёҳ дар паҳлуи гардан ба шумор меравад. Дар шароити Тоҷикистон фохтак парандаи лонагузор ва кӯчанда буда, зимистонро дар Африқо мегузаронад.
Ин паранда ҷойҳои кушод, дашту саҳро, боғот ва заминҳои кишоварзиро меписандад. Дар моҳҳои апрел-май дар дарахту бутта, рӯйи замин лона гузошта, одатан ду тухм мегузорад, ки ранги сафед доранд ва андозаашон 27-35 мм-ро ташкил медиҳад. Баъзан фохтак дар як мавсим ду бор тухм гузошта, такроран насл медиҳад. Тухмзеркунӣ 15-20 рӯз идома меёбад. Чӯҷа дар муддати 3-4 ҳафта ба парвоз омода мегардад. Фохтак парандаи донхӯр буда, асосан аз тухми растаниҳои ғалладонагӣ ғизо мегирад, вале ба вояи ғизоии он иловатан меваю ҳашарот низ дохил мешаванд. Новобаста ба ин, фохтак ба ҳосили растаниҳои ғалладонагӣ зарар намерасонад, зеро аз дони ба замин рехтаи ин зироат ғизо мегирад. Инсон ба фохтак амсоли мусича эҳтироми хос дорад. Аз ин рӯ, ин паранда дар атрофи маҳалҳои аҳолинишин сукунат менамояд. Дар гузаштаи на он қадар дур фохтак сершумор буд.
Давоми даҳсолаҳои охир саршумори он дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон хеле маҳдуд гардидааст ва аҳён-аҳён вомехӯрад. Бо назардошти чунин вазъ фохтак аз ҷониби парандашиносон барои ворид намудан ба нашри сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия шудааст. Фохтак ҳамчун парандаи осебпазир ба муҳофизати ҳамаҷониба эҳтиёҷ дорад ва бояд дар маркази таваҷҷуҳи дӯстдорони табиат қарор гирад.
Интихоби парандаи сол ба фароҳам овардани заминаи муносиб баҳри афзоиши он ва муаррифии бештари парандаи интихобгардида мусоидат менамояд. Солҳои қаблӣ кабки кӯҳӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазарв, лаклаки сафед, мурғи ҳилол, ҳудҳуд, шоҳин, парасту, уқоб ва саъба парандаи сол эълон гардида буданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд






