27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад

Апрель 27, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 27.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27-28 апрел дар ҷумҳурӣ номусоидии вазъи обу ҳаво боқӣ монда, бориши борон дар назар аст. Дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр бориши борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар баъзе ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борони бошиддат меборад. Ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияҳои алоҳида ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Аз 27 то 29 апрел дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани сел пешгӯӣ шуда, дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об дар назар аст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр бориши борону барф) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят рӯзона бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония,  дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи водибуда борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борону барф дар назар буда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои ҷанубӣ чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр бориши борону барф дар назар аст. Рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, бориши  борон дар назар аст. Рӯзона борони бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво шабона 10+12 дараҷа гарм, рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 27, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд