35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад

Апрель 24, 2024 19:33

ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот ба маблағи умумии 2,6 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки 44,1 фоизи нақшаи умумиро ташкил медиҳанд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Тавре ки аз шуъбаи сохтмон ва меъмории дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ доданд, давоми солҳои 2023-2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмуъ 21 иншооти соҳаи маориф иборат аз 122 синфхона барои 3050 ҷойи нишаст дар як баст (дар ду баст 6100) мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар айни замон дар 189 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтмони 1303 синфхона барои 31 ҳазору 272 ҷойи нишаст идома дорад.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 24, 2024 19:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд