Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Аҳлиддин Нуриддизода бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) дар шаҳри Бонн мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон оид ба маблағгузорӣ намудани «Барномаи маблағгузории занҷираи арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Олмон изҳори сипос намуд.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди иқтисоди миллӣ соли 2023 таъмин гардида, рушди воқеии он ба 8,3 фоиз баробар шуд. Таъкид шуд, ки соҳаи кишоварзӣ бахши муҳимтарини иқтисоди Тоҷикистон буда, аҳолиро ба маҳсулоти ғизоӣ ва соҳаи саноатро ба ашёи хом таъмин менамояд. Соли 2023 ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар сохтори маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 24,3 фоиз баробар гардид.
Дар анҷом таъкид шуд, ки бо назардошти саҳми назаррас доштани соҳаи кишоварзӣ дар рушди иқтисоди миллӣ бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ва дастгирии соҳаи кишоварзӣ идома додани маблағгузории «Барномаи маблағгузории занҷираи арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҷонибҳо омодагиашонро ба тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд ва баррасии пешниҳодҳо баён намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






