ҲАМ АДРАСУ ҲАМ ЧАКАН АЗ ОНИ МАНУ ТУСТ. Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанг буда, ифодагари назокату малоҳат ва дунёи рангини бонувони тоҷик аст
ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таърих гувоҳ аст, ки зан — модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буд ва либоси миллиро чун ҷузъи муҳим ва ячейкаи асосии фарҳанг бо ҳама нозукиҳояш то ба замони мо нигоҳ доштааст. Вақте сухан дар бораи либоси миллӣ меравад, ҳатман бонуи чаканпӯшу атласпӯши тоҷик пеши назар меояд, ки пироҳани шинамаш ҳусни ӯро дилработар месозад. Барои ҳамагон равшан аст, ки дар Тоҷикистони азизи мо атласу адраси рангоранги мардуми Суғд, гулбасту чаканҳои дилрабои ҳунармандони Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори дӯзандагони минтақаҳои Рашт, алочаву шоҳии чирадастони водии Ҳисор, тоқӣ ва ҷуробҳои зебои занҳои ҳунарманди Бадахшон хеле овозадор буда, либоси миллӣ маҳз бо ҳамин рангу ҷиллоҳои минтақаҳои ҷумҳурии мо дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст. Ин матлабро ноиби Ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Аҳмадзода дар мавзуи арҷ гузоштан ба либоси миллӣ баён намуд.
Номбурда дар идомаи матлаб чунин изҳори назар кард:
— Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанг буда, ифодагари назокату малоҳат ва дунёи рангини бонувони тоҷик аст. Тоҷикон бо либосҳои чун пари товус рангорангу зебо ва шинамашон дар ҷаҳон шинохта шудаанд. Либоси миллӣ ёдгоре аз гузаштагони фарҳангофарамон буда, тўли қарнҳо зебоиашро гум накардааст.
Арҷ гузоштан ба либоси миллӣ ин нишони эҳтиром доштан ба таъриху фарҳанги хеш мебошад. Кишварҳои зиёде ҳастанд, ки либосашон ягон нишонаи фарқкунандаи миллӣ надорад. Мояи ифтихори мо, тоҷикон аст, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ҳастем ва нақшу нигори миллӣ, тахаюли созандаю рангинамон дар либоси мо инъикос ёфтааст.
Занону духтарони тоҷик дар баҳорон вақте либосҳои миллӣ, аз ҷумла чакан ва атласу адрас ба бар менамоянд, ба атроф ҳусни тоза зам мекунанд. Ба назар чунин мерасад, ки маҳз ҳамин баҳор сабаби пайдоиши атласу чакан гардида бошад, зеро гулҳои чакан бо гулҳои дарахти себу олуча, гулҳои садбаргу ёсуману лолаҳои садранг шабоҳати зиёд доранд.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат иброз доштанд: «Ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад… Модарону бонувони мо – тоҷикон тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард».
Пешвои миллат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дигарон либоси миллии мову шуморо намепӯшанду баъзе аз занону духтарони мо дар пӯшидани либос ба фарҳанги бегона рӯ овардаанд. Ин амал аз арҷ нагузоштани онҳо ба либоси миллӣ, ки он беҳтарин мероси ниёгон аст, дарак медиҳад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчӣ зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем. Либоспӯшии тоҷикӣ бо такя бо назокати хосси худ моро дар ҷодаи дарку шинохти арзишҳои воқеии милливу башарӣ пеш мебарад. Бинобар ин, имрӯз бояд дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, тарбия намудани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштан, яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеа дониста шавад.Тавре шоир фармудааст:
Ҳар гӯшаи ин Ватан аз они ману туст,
Ҳар майсаи ин чаман аз они ману туст.
Ҳам атласи чун хаёли шоир рангин,
Ҳам адрасу ҳам чакан аз они ману туст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 800 бозёфти нодири таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали 48-уми байналмилалии Москва намоиш дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар Кӯлоб даври шаҳрии фестивал-озмун баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
ТАЪРИХИ ВАТАНРО МЕОМӮЗЕМ! Имрӯз дар мавзеъҳои таърихии мамлакат Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ






