Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ таҳким меёбад

Апрель 22, 2024 10:12

ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳайати Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳадафи  густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ байни гумрукӣ ба  шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон    сафар намуданд.

Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва  робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Олимҷон Азизов  хабар дод.

Кормандони  Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии   Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Хадамоти гумрук дар бораи фаъолияти мониторҳои портали радиатсионӣ (RPM) ва системаҳои рентгенӣ дар гузаргоҳи сарҳадии Ялама дар Ҷумҳурии Узбекистон гуфтугӯи судманд анҷом доданд. Ин системаҳо барои пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи радиоактивӣ ва таъмини амнияти занҷири минтақавии таъминот муҳим мебошанд.

Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ аз татбиқи воситаҳои пешрафтаи технологӣ дар ҳифзи сарҳад аз ҷониби Ҷумҳурии Узбекистон изҳори миннатдорӣ намуд.

«Мо аз истифодаи таҷҳизоти замонавии мониторҳои портали радиатсионӣ ва рентгенӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон таассурот  нек бардоштем.  Метавонем аз ҳамдигар омӯзем, то тавоноиро дар мубориза бо таҳдидҳои маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ такмил диҳем»,-изҳор дошт профессор  Илҳом Мирсаидзода.

Ҳайат дар Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон бо роҳбарияти он мулоқот намуд. Маълумоти муфассал вобаста ба раванди рақамикунонӣ дар Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон, ки бо мақсади  содагардонии амалиёти гумрукӣ татбиқ шудааст, пешкаши ҳайат гардид. Инчунин маълумот дар бораи истифодаи самараноки фанновариҳои рақамӣ дар расмиёти гумрукӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон умедвор аст ояндаи наздик онро амалӣ намояд, пешкаш гардид.

АКС: Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ  ва робита бо ҷомеаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 22, 2024 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ