Ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ густариш меёбад

Апрель 6, 2024 08:44

ДУШАНБЕ, 06.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо муовини ёвари маъмури Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) хонум Нидҳи Боури вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуд.

Таъкид шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамкориро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути агентиҳои дахлдори он амалӣ менамояд. Аз ҷумла дар ин ҷода бо Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) ва Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ (СДС) ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки то соли 2025 амал менамоянд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкории вазорат ва ин Агентӣ дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандиашонро дар ин самт баён доштанд.

Инчунин зимни мулоқот ҳарду ҷониб дар доираи Ташаббуси глобалии амнияти саломатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба гурӯҳи давлатҳои аъзои он дохил аст, имконоташонро муҳокима намуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 6, 2024 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад