«АЗ ПЕШВО БИОМӮЗ, ДАРСИ ВАТАНПАРАСТӢ». Вобаста ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш доир шуд

Апрель 12, 2024 16:42

ДУШАНБЕ, 12.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» таҳти унвони «Аз Пешво биомӯз, дарси ватанпарастӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бо назардошти арзишҳои миллӣ, таълимоти ниёгон, таҷрибаи низоми қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидааст.

«Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шуд. Яке аз ҳадафҳои эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ амалӣ намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан қонунҳои соҳаҳои алоҳида барои баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандӣ ва ташаккули тарбияи ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад. Масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд»,- гуфта шуд дар ҳамоиш.

Ҳамзамон дар ҳамоиш намоиши театрии ҳунармандони Муассисаи давлатии «Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба М.Воҳидов»-порча аз достони Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ «Муборизаи Исфандиёр бо Рустам» пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар шароити муосир масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва насли наврас яке аз афзалияти сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои рушду тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад. Тарбияи ватандӯстӣ боиси рушди соҳаҳои алоҳидаи мамлакат гардида, дар ҳифзи марзу бум, тамомияти арзии мамлакат ва таъмини сулҳу осоиштагӣ нақши асосӣ мегузорад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Апрель 12, 2024 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд